Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайати дастаи футболи «Хуҷанд» барои ғалаба 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ваъда кард
ДУШАНБЕ, 20.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Хуҷанд» дар сурати дар бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО — 2018 бар дастаи «Аҳал»-и Туркманистон ғолиб гардидан аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо мукофотпулӣ қадршиносӣ мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар робита ба ин иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳори боварӣ намуд, ки футболбозони дастаи «Хуҷанд» дар бозӣ бо дастаи «Аҳал» маҳорати хуб нишон дода, мухлисонашонро шод мегардонанд.
Зикр гардид, ки дар сурати дар ин бозӣ ғолиб омадан дастаи «Хуҷанд» аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадршиносӣ мешавад.
Телевизиони «Варзиш» имрӯз соати 14:00 бо вақти маҳаллӣ бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои «Хуҷанд»-и Тоҷикистон ва дастаи «Аҳал»-и Туркманистонро аз Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд ба таври мустақим намоиш медиҳад.








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






