Роҳбарияти «Тоҷикстандарт» бо мақсади риояи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ аз бозорҳо ва нуқтаҳои савдои пойтахт дидан намуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз роҳбарияти Агентии «Тоҷикстандарт» бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти бозорҳо, риояи қоидаҳои савдою хизматрасонӣ, истифодаи либоси махсуси ягонаи корӣ, ба тартиб даровардани ҳолати санитарӣ ва дигар масъалаҳо оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар бозору нуқтаҳои савдо аз як зумра бозорҳои пойтахт, аз ҷумла, бозорҳои «Фаровон», «Ҷал-Ҷам», бозорчаҳо дар маҳаллаҳо ва марказҳои савдо боздид ба амал овард.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки зимни боздид директори Агентӣ Қудрат Давлатзода бо масъулини ин бозорҳо суҳбат намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, махсусан таъмин намудани фурӯшандагон бо либоси ягонаи корӣ ва ба низом даровардани ҳолати санитарии бозорҳо, ҳамзамон ба таври мунтазам ба роҳ мондани ҳамкории судманд ибрози андеша намуд.
Ба таъкиди масъулини «Тоҷикстандарт», чунин иқдом ба пешбурди фаъолияти соҳа ва ба низом даровардани вазъи бозору нуқтаҳои савдо мусоидат менамояд.
Чунин боздид ва мулоқотҳо минбаъд низ пайваста доир карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






