Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ
ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо шароити нави бинои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пас аз навсозӣ шинос шуда, дар ҷаласаи Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи олимпӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бинои мазкур бо харҷи 1,6 миллион сомонӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Фароз» дар муддати кӯтоҳ мавриди таъмири асосӣ қарор гирифта, бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ пурра таъмин гардидааст.
Дар ин бино баъди навсозӣ имкон фароҳам омад, ки Маркази федератсияҳои миллии варзишӣ ташкил ва 13 федератсияи миллии варзиширо бо шароити сатҳи баланди кору фаъолият муттаҳид гардонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дохили бино бо бардоштани парда аз болои лавҳа Осорхонаи «Шарафи олимпӣ»-ро расман ифтитоҳ намуданд.
Маҳз зери роҳбарии Президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақсадноки Кумита ба роҳ монда шуда, дар баробари рушди ҳаракати олимпӣ ва дастгирии варзишгарон Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» рӯй кор омад.
Дар осорхона дастовардҳои арзишманди варзишгарони ватанӣ аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ, 25 — соли таъсисёбии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва 26 — соли истиқлолияти давлатӣ, ки дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун ба он ноил гардидаанд, ҷой дода шудааст.
Зимни муаррифии Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир бо дастгирию пуштибонии Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумораи иштирокчиёни мусобиқаҳои байналмилалӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Таъкид шуд, ки агар варзишгарони кишвари мо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ 133 медал ба даст оварда бошанд, пас ин нишондод дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат 4 ҳазору 170 медалро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, аз 7 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ашхободи Туркманистон 5-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои рамзӣ доир шуд. Дар ин чорабинии муҳим варзишгарони Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳайати калон, яъне иборат аз 170 нафар, аз ҷумла 128 варзишгар ширкат варзиданд.
Дар панҷумин бозиҳои Осиё, ки аз рӯйи 21 намуд сурат гирифт, варзишгарони тоҷик дар 15 навъи он, аз ҷумла баскетбол, вазнбардорӣ, варзиши сабук, велосипедронӣ, гӯштини анъанавии туркманӣ, гӯштини камарбандӣ ва шоҳмот ширкат намуда, сазовори 51 медал, аз ҷумла се тилло, 14 нуқра ва 34 биринҷӣ гардиданд.
Соли 2017-ум барои варзишгарони тоҷик пур аз дастовардҳо буда, дар мусобиқаву чемпионатҳои нақшавии федератсияҳои ҷаҳонӣ иштирок карда, ба муваффақиятҳои зиёд дар ин самт ноил шудаанд.
Аз ҷумла, Дилшод Назаров дар Мусобиқоти варзиши сабуки Осиё бори чорум, Комроншоҳи Устопириён бори дуюм қаҳрамони Осиё шуданд ва Бахтовар Ҳасанов дар чемпионати Осиё сазовори медали биринҷӣ шуданд. Мавриди зикр аст, ки аввалин медали бозиҳои олимпиро ба Тоҷикистон Расул Боқиев овардааст. Медали дуюмин, ки нуқра буд, дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов дар намуди гӯштини озод ба хазинаи варзишии кишвар ворид намудааст. Дар Бозиҳои олимпии Лондон — 2012 бошад, Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон дар вазни 60 килограмм сазовори медали биринҷӣ шуд.
Дар соли 2016-ум дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба хазинаи варзиши тоҷик ворид сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин аз Маркази матбуоти Кумитаи олимпӣ, ки ба хотири қабули меҳмонон ва суҳбат бо намояндагони воситаҳои ахбори омма таъсис дода шудааст, дидан карда, бо сомонаи нави Кумита шинос шуданд.
Сомонаи расмии Кумитаи олимпӣ дар қолаби нав бо ду забон – тоҷикӣ ва англисӣ – мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шуда, дар баробари пахши хабарҳои ҳаррӯзаи соҳаи варзиш, инчунин дар бораи роҳбарияти Кумита, аъзои Кумита ва Кумитаи иҷроия, таърихи Кумита, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиё, қаҳрамонон ва ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳону Осиё, дастаҳои мунтахаб оид ба намудҳои варзиш маълумот медиҳад.
Хонанда дар сомона суратҳо ва наворҳои видеоиро аз ҷараёни мусобиқаҳои гуногун тамошо карда метавонад.
Баъди шиносоӣ аз шароити фароҳамовардаи корӣ дар бинои нави Кумитаи миллии олимпӣ ва ифтитоҳи Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи дуюм бо роҳбарони федерастияҳо, варзишгарон — иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ ва дорандагони медалҳои мусобиқаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ мулоқоти озоду ошкоро анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити сатҳи баланд барои машқу тамрин ва ҷалби ҳар чи бештари ҷавонони лаёқатманду соҳибистеъдод ба намудҳои гуногуни варзиш ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро қосиди сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонҳо арзёбӣ карда, онро беҳтарин василаи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳон номиданд.