Шумораи заҳролудшудагони ноҳияи Ишкошим ба 43 нафар расид
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи ҷабрдидагон аз ноҳияи Ишкошим, ки дар натиҷаи истеъмоли орди заҳролудшуда ба Беморхонаи вилоятии клиникии шаҳри Хоруғ интиқол ёфта буданд, ба 43 нафар расидааст. Аз онҳо 12 нафарашро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иттилоъ дод.
Ба иттилои М.Камолзода, айни ҳол вазъият ором буда, беморон зери назорати қатъии табибон қарор доранд.
Тавре чанде қабл иттилоъ дода будем, бори аввал 17 январи соли равон 5 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Питупи ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо гумони заҳролудшавӣ фавран бистарӣ шуда буданд.
Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ мутахассисон ба ҷои ҳодиса равон карда шуданд. Баъд аз ташхисҳо маълум гардид, ки сабаби заҳролуд шудани сокинон гандуме будааст, ки аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба ноҳияи Ишкошим оварда шудааст.
Ба иттилои Вазорат, баъд аз муоина ва ташхиси пурра аз тарафи мутахассисони вилоятиву ҷумҳуриявӣ дар беморони бистаригардида ташхиси «Заҳролудшавӣ бо тухми гелиотроп. Гепатити гелиотропӣ», ки дар таркиби орд ёфт гардид, муайян карда шуд.
Таҳти ҳамоҳангии мутахассисони сатҳи ҷумҳурӣ аз рӯзи якуми ҳодисаи мазкур дар муддати як ҳафта гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони соҳавӣ дар ҷамоатҳое, ки сокинонаш гандуми заҳролудгардидаро харидорӣ кардаанд, аз ҷумла, дар деҳаҳои Питуп, Лангар, Вичкут ва Туғгози ноҳияи Ишкошим муоинагардиш анҷом дода, дар маҷмӯъ 4 ҳазору 440 кг гандуми дорои тухми гелиотроп ва 85 кг орди заҳролудгардидаро бозпас гирифтанд. Ин маҳсулот бо тартиби муқарраргардида нобуд карда шуд.








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






