Шурӯъ аз 15 феврали соли 2018 воридоти мошинҳои кӯҳна ба ҳудуди Тоҷикистон манъ мегардад

Февраль 2, 2018 16:13

ДУШАНБЕ, 02.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шурӯъ аз  15 феврали соли 2018 воридоти воситаҳои нақлиёти  автомобилии  соли бароришашон  то  2005  ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  манъ карда мешавад.

Дар ин росто,  тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидаанд, ки  назорат, расмиёти гумрукӣ  ва бақайдгирии  воситаҳои нақлиёти  воридшавандаро танзим намоянд.

Ҳадаф  аз манъи воридоти мошинҳои кӯҳна- ин ҳифзи муҳити зист аз  партовҳои воситаҳои нақлиётӣ арзёбӣ мегардад.

 

 

Февраль 2, 2018 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш