Сироҷидин Аслов: «Тоҷикистон пайвандгари Осиёи Марказӣ бо нимҷазираи Ҳинду Чин аст»
ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи муҳими Авруосиё, ки Осиёи Марказиро ба нимҷазираи Ҳинду Чин мепайвандад, ҷойгир аст ва дар равандҳои ҷаҳонии сатҳҳои минтақавию байналмилалӣ, алахусус дар ду даҳаи охир иштироки фаъол дорад», — таъкид намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни «Соати парлумонӣ» дар мавзӯи «Авзои сиёсии ҷаҳон, минтақа ва ҷумҳурӣ» 20 феврал дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.
Ба гуфти Сироҷидин Аслов, бесабаб нест, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҳлилу баррасии авзои ҷаҳону минтақа оғоз гашт. Ҷойгоҳи Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил ва дорои сиёсати хориҷии дуруст, ки бар асоси татбиқи манфиатҳои миллии кишвар роҳандозӣ мешавад, таъкид карда шуд. Сиёсати дарҳои кушода, — фармуданд Ҷаноби Олӣ дар Паёмашон, — чун меҳвари аслии муносибатҳои мо ба ҷаҳони муосир воқеӣ, дуруст ва судовар будани худро нишон дод.
«Ширкати фаъолонаи мо дар арсаи байналмилалӣ ҳама бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Сарвари он мебошад. Маҳз бо шарофати истиқлол мо аз Созмони Милали Муттаҳид сар карда, узви муҳимтарин созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва амсоли инҳо гаштем»,- зикр кард С.Аслов
Ба гуфти Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро 170 давлати дунё чун давлати соҳибистиқлол эътироф карда, имрўз мо бо 156 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намудаем. Давлати мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд ва олам Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил шинохта, эътироф кард.








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






