«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-и Тоҷикистон дар Давҳа муаррифӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли Бунёди фарҳангии «Катара» доктор Холид Иброҳим ал-Сулайтӣ 26 феврали соли 2018 мулоқот намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Қатар ва роҳҳои васеъ шинос намудани мардумони ду мамлакат бо иқтидори сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ баррасӣ шуданд. Дар ин росто барои баргузории чорабиниҳои мухталиф дар шаҳраки фарҳангии «Катара» бо мақсади муаррифии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон ва ба ин муносибат дар Давҳа баргузор намудани намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин барномаҳои консертии гурӯҳҳои фолклории Тоҷикистон алоқамандии мутақобил таъкид гардид.








ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид






