Созишнома дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар қаламрави Россия ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 07.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия маросими баимзорасонии Созишнома байни Ҳукумати Федератсияи Россия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи шартҳои будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнок дар қаламрави Федератсияи Россия баргузор гардид.
Барои баимзорасонии ин Созишнома бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, баимзорасонии Созишнома бо қарори роҳбарони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Раиси Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва аз номи Ҳукумати Федератсияи Россия ба Вазири корҳои дохилии ин давлат Владимир Колоколтсев вогузор гардид.
Бояд зикр намуд, ки Созишномаи байналмилалии мазкур мавқеи ҳуқуқии будубоши Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хавфнокро дар қаламрави Россия таҳким бахшида, ҷиҳати таъсис додани шароити зарурӣ барои фаъолияти босамари он мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни маросим ҷонибҳо муҳимияти чорабинии мазкурро зикр намуда, масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мавриди баррасӣ қарор доданд. Сипас, ҷиҳати омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






