ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 15 феврал, панҷшанбе, 46-умин рӯзи соли 2018 аст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
15 феврали соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулони соҳаҳои гуногуни мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки фаъол дар тадбирҳои ободонию хуррамгардонӣ ва фароҳамсози пешрафту тараққиёти бемайлони шаҳри Душанберо рисолати шаҳрвандии ҳар як сокини бошарафи пойтахт арзёбӣ карда, аз ҳамагон бори дигар даъват ба амал оварданд, ки дар иҷрои ин рисолати воло ҷиддӣ ва масъулиятшинос бошанд.
***
9 сол пеш, 15 феврали соли 2009 дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Релиф Интернейшнл» созшномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2011 дар Қасри «Рӯдакӣ» дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси вилояти Суғд бо варзишгарон баргузор гардид. Беҳтарин варзишгари вилоят дар соли 2010 Мурод Тӯйчиев- барандаи Бозиҳои осиёӣ оид ба муҳорибаи гурҷӣ-румӣ интихоб шуда, ба ӯ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мошини тамғаи «Жигулӣ» тақдим гардид.
15 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи байналмилалии кӯдакони ба бемории саратон гирифторшуда.
***
Дар Канада – Рӯзи парчами миллӣ.
***
Дар Сербия – Рӯзи давлатдорӣ.
***
Дар Афғонистон – Рӯзи миллии наҷот.
РӮЙДОДҲО:
15 феврали соли 1947 дар Иттиҳоди Шӯравӣ никоҳи шаҳрвандони иттиҳод бо хориҷиён манъ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1978 Муҳаммад Алӣ дар муҳориба барои дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон оид ба бокс аз ҷониби Леон Спинкс шикаст хӯрд.
***
15 феврали соли 1989 ҷангиёни Шӯравӣ аз Афғонистон баромаданд.
***
15 феврали соли 2010 калонтарин садамаи қатораҳо дар таърихи Белгия ба амал омад, ки дар натиҷа 18 нафар ба ҳалокат расида, 171 нафар ҷароҳат бардоштанд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1922 аввалин Конститутсияи Куба қабул карда шуд.








«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид






