Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодиро баррасӣ намуданд

Февраль 9, 2018 11:02

ДУШАНБЕ 09.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тамоюли мусбати нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ,  рушди содирот ва воридотивазкунӣ аз мавзӯъҳои калидие буданд, ки зимни вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ва ҳайати сафарии бонк оид ба таҳияи Ёддошти иқтисодӣ Гоар Гюдумян ва Бегазо Гомез дирӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ дар баробари як зумра масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ҳамзамон ҷараёни татбиқи «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо низ муҳокима гардид.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо аз ҳамкории самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкории дуҷониба омодагии худро баён доштанд.

 

 

Февраль 9, 2018 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд