ТОҶИКИСТОНИ МАРО БАР МАН НАМОЙ! Ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 06.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 рӯйдоди таърихӣ буда, касро ба умқи андешаҳо мебарад. Доир ба он ходими адабии АМИТ «Ховар», нависанда ва рӯзноманигор Мансур СУРУШ андешаҳояшро ба хонандагони сомона баён медорад.
Вақт мегузарад, вале мо ҳанӯз ҳам ғарқи таассурот аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (22 декабри соли 2017) ҳастем. Мусаллам аст, ки дар Паём мушкилоти асосии ояндаи наздик ва минбаъда, ки ба ҳалли онҳо тамоми ҷомеаи мо манфиатдор аст, дарҷ гардидаанд. Мехоҳам як нуктаро, ки аз пиндошти аввал муҳимтар аст, таъкид намоям. Тавре ки маълум аст, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар тамоми манотиқи мамлакат бо рӯҳияи баланд истиқбол гардид. Он чӣ ки ин ташаббус ба мо медиҳад, ҳатто ҳоҷат ба баён надорад. Таҷрибаи мамлакатҳои пешқадами дорои соҳаи сайёҳии рушдкарда баръало нишон медиҳад, ки ин нишондиҳандаи амиқи сулҳ, амният ва суботи пойдор мебошад. Дуюм он ки ин ҷузъи муҳими даромад ба буҷети давлатро ташкил медиҳад. Илова бар ин, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳангоми мавҷуд будани инфрасохтори муосир ба сокинони мамлакат, аз ҷумла, дар музофотҳо имкон медиҳад, ки даромади иловагӣ дошта бошанд ва ба ҳунармандони мардумӣ ва дӯстдорони маҳсулоти дастӣ бозор пайдо намоянд. Ҳамчунин зикр кардан муҳим аст, ки маҳз ба шарофати сайёҳӣ дунё ин ё он давлатро бештар мешиносад. Ва мо он неъматҳоеро, ки бояд ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем, дорем: табиати зебои нотакрору дилфиреб, ки дар он ҳамзамон ҳамаи чор фасли сол мушоҳида мешаванд; ёдгориҳои қадимии таърихӣ — Саразм, Ҳулбук, Аҷинатеппа, Тахти Қубод ва ғайраҳо, ки барои номбар карданашон ангуштон камӣ мекунанд.
Ҳамаи ин ба ҳамагон маълум аст. Мехостам ба рушди сайёҳии дохилӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоям. Бале, муҳимияти сайёҳии дохилӣ нисбат ба сайёҳии хориҷӣ камтар нест. Аз худ бипурсед ва танҳо самимона ҷавоб гӯед, ки оё Тоҷикистонро хуб медонед? Оё дар ҳамаи гӯшаву канори он будед? Мавзеъҳои тамошобобу гӯшаҳои зеботарини табиати давлати худро дидаед? Ба гумон гумон аст, ки ҷавоб мусбат бошад. Шахсан ман, гарчанде ки касби рӯзноманигорӣ барои сайру гашт дар ҷумҳурӣ имконияти зиёд медиҳад, наметавонам лоф занам, ки Тоҷикистонамро хуб медонам.
Ҳанӯз дар айёми донишҷӯӣ китоби хеле ҷолибе дар тарҷумаи Лоиқ Шералӣ «Диёри домани гардун» ба дастам афтод. Он ба сафарномаи нависанда ва шоири булғорӣ Йордан Милев, ки зери таассуроти сафарҳояш ба манотиқи гуногуни Тоҷикистон навиштааст, асос меёбад. Ёдам ҳаст, ки онро хонда, бо ҳасад фикр мекардам, ки муаллиф аз ман, сокини таҳҷоӣ дида, Тоҷикистонро хубтар медонад ва гузашта аз ин, бисёр чизҳои ғайриоддиро, ки мо аз наздашон мегузарему аҳамият намедиҳем, ба мушоҳида гирифтааст. Ва агар ин китоби ҷолибро, ки тасвири рангоранги шифоҳии сарзамини мост, дубора чоп кунем, нуран алонур мешуд.
Инчунин қиссаи дигаре ба ёд меояд, ки онро замоне ба ман рӯзноманигор ва муҳаққиқи матбуоти тоҷик шодравон Давлат Давронов нақл карда буд.
Дар оғози солҳои 80-уми асри гузашта ба ӯ, ки бо сафари хидматӣ ба шаҳри Алмаато рафта буд, зарур омад бо хоҳиши Қутбӣ Киром бо раиси Иттифоқи нависандагони Қазоқистон Анвар Олимҷонов мулоқот намуда, ба ӯ антологияи назми қазоқиро ҳадя намояд. Нависандаи қазоқ аз меҳмони тоҷик пурсон шуд, ки аз куҷост. Ва ҳангоме фаҳмид, ки ӯ аз ноҳияи Айнии кӯҳистон аст, пурсид, ки оё ӯ аз боғи биҳиштосои Ниобаи деҳаи Урметан дидан кардааст. Вақте фаҳмид, ки ӯ он ҷо тамоман набудааст, бо изҳори таассуф гуфт: «Шумо бисёр чиро аз даст додаед, дӯстам».
Ман ҳам боре бо чунин вазъият рӯбарӯ шудам. Вақте зимни сафари хидматӣ дар Сеул будам, дар яке аз вохӯриҳо, чун фаҳмиданд, ки аз Тоҷикистонам, маро саволборон карданд: «Оё ман дар Кӯли Сарез шино кардаам? Оё ба Пиряхи хирсон баромадаам? Оё тулӯи офтобро дар Ҳафт кӯли Панҷакент тамошо кардаам? Оё дар Сари Хосор будаам?». Вақте ҳамсуҳбатонам аз ман ҷавобҳои рад шуниданд, ба ман мисле, ки аз аҳли сайёраи дигар бошам, бо таҳайюр менигаристанд.
Дар ҳамин лаҳза ба гӯшам садое расид, ки чӣ гуна як кореягӣ бо лаҳни шикастаи русӣ ин суханҳоро мегуфт: «Мо дар Кореяи Ҷанубӣ ҳама чӣ дорем, вале Сари Хосор надорем. Касе, ки онро надид, Тоҷикистонро надидааст». Аз шарм омода будам, ки ба зери замин фурӯ равам. Наметавонистам ба он дӯстдори сайёҳати пиёдагардӣ фаҳмонам, ки то Сари Хосор мисле ки то Яғноб ҳатто бо мошинҳои ҳарҷогард рафтан на он қадар осон аст.
Баъдтар дар ҳуҷраи меҳмонхона дар ин бора фикр карда, кӯшиш намудам худро сафед кунам: «Оё дар Тоҷикистон як ман чунин бошам? На, як ман не».
Дар ноҳияи Айнӣ кӯли Искандаркӯл — «пиёлае дар кафи кӯҳҳо»-ст, ки ба он ҷо сайёҳон аз тамоми ҷаҳон меомаданд ва меоянд. Аммо дар ҳамон минтақа ба деҳоти гуногун рафта, ман бо одамоне вохӯрдам, ки иқрор мешуданд аз ин кӯли афсонавӣ ҳеҷ гоҳ дидан накардаанд. «Барои чӣ, — мегуфтанд баъзеҳо, — бе ин ҳам ҷойҳои серобу назаррабо бисёр дорем».
Бешак, чунин аст, Худованд ба мо табиатеро, ки дигарон ба он ҳасад мебаранд, ато кардааст. Вале ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё мо аз ин сарват ҳамеша оқилона истифода мебарем? Савол бидуни ҷавоб мемонад.
Мехостам як мисоли дигар орам. Тахминан соли 1990, ки ман ба ҳайси хабарнигори махсус дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ дар шимоли Тоҷикистон фаъолият мекардам, бори аввал ба Кӯлоб омадам. Шабро дар меҳмонхонаи «Хатлон» рӯз карда, субҳи барвақт ба зиёрати мақбараи шоир ва мутафаккири барҷаста Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ки дар борааш бисёр шунида будам, омадам. Баъдан бо маслиҳати роҳбари вақти вилоят Султон Мирзошоев ба ноҳияи Мӯъминобод рафтам. Дар он ҷо фаҳмидам, ки дар канори кӯли хурде ҳамноми пойтахтамон – қишлоқи Душанбеча ҷойгир будааст, ки сокинони он омодаи сабқат бо пойтахт будаанд. Дар ин қишлоқ инчунин дар бораи қиссаи ду хоҳар- Бибинавр ва Бибисавр қисса карданд, ки гӯё ба хотири ҳангоми ҳуҷуми душманон ба дасти онҳо наафтодан аз Худованд илтиҷо кардаанд, то наҷоташон диҳад. Ва Худованд раҳм карда, онҳоро ба чашмаҳои ҳамном табдил додааст. Баъди сафар лавҳаеро бо номи «Душанбе дар Мӯъминобод» чоп кардам ва қиссаи хоҳарон дар яке аз ҳикояҳоям дарҷ гардид. Дере нагузашта як шиносам ба ман иқрор шуд, ки лавҳаи маро хонда, дар ҳайрат мондааст, зеро ӯ аз он ҷо буда, дар бораи Душанбеча бори аввал шунидааст. «Дар бораи Чилдухтарон медонам, вале дар бораи ин қишлоқ бори аввал мешунавам», — гуфт ӯ.
Метарсам бо ин мисолҳои зиёди оварда, ки собит намуданд ба аксарияти мо аз фанни ҷуғрофия бояд баҳои «ду» монд, хонандаро дилгир карда бошам. Вале аз ҷониби дигар, ин мисолҳо барои мулоҳиза дар атрофии ин мавзӯи муҳим сабаби хубе хоҳанд гашт.
Дарвоқеъ, мо дар бораи Тоҷикистони худамон ҳоло ҳам кам медонем. Оё аксарияти сокинони Бадахшон дар Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ё Истаравшан будаанд? Оё аксарияти сокинони водии Зарафшон бо мавзеъҳои таърихии Хатлонзамин шинос ҳастанд? Оё аксарияти тоҷикистониён дар Норак ва Роғунро дидаанд? Оё аксарият аз мақбараи Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Панҷакент ё аз Қалъаи Ҳисор дидан кардаанд? Ба гумон аст. Мутаассифона, чунин аст. Муҳимтар аз ҳама, иқтисодиёти устувори ягонаи ҳамбаста зарур аст. Аз ҷониби дигар, сайёҳии дохилӣ метавонад ба ҳадди имкон ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд. Ширкатҳои сайёҳие, ки ба саёҳати дохилӣ нигаронида шудаанд, бояд бештар бошанд. Бояд бо нархҳои дастрас саёҳатҳои пиёдагардии ҳамҷоя ташкил намуд ва барои мактаббачагон, аз ҷумла, кӯдакони хона-интернатҳо чунин саёҳатҳо тамоман ройгон ташкил карда шаванд. Хоҳ бо ҳавопаймо ва хоҳ бо автобусҳо. Инчунин бояд ба ин кор роҳбаладони баландихтисос, ки донандаи хуби таърих ва ҷуғрофияи кишвари худ бошанд, ҷалб карда шаванд. Ба чунин саёҳатҳо роҳҳои автомобилии замонавӣ ва нақбҳое, ки минтақаҳои гуногуни ҷумҳуриро пайваст месозанд, мусоидат хоҳанд кард.
Шукри Худованд, ки дар Тоҷикистон кайҳо сулҳу субот ҳукмфармоянд ва далели он афзудани ташрифи сайёҳони хориҷӣ мебошад. Вале барои пурра ва комилан расидан ба ваҳдати миллӣ, ки ин ғоя ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст, бояд ҳар як сокини мамлакат дар бораи Тоҷикистони азиз маълумоти кофӣ дошта бошад ва ҳар як гӯшаи онро дӯсту гиромӣ дорад.
Мансур СУРУШ