Қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон-2018 оид ба футбол баргузор гардид

Февраль 23, 2018 16:09

ДУШАНБЕ, 23.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Қуръакашии Чемпионати Тоҷикистон-2018 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ 22 феврал дар студияи Телевизиони «Варзиш» баргузор гардид. Дар он роҳбарон ва сармураббиёни дастаҳои Лигаи олии чемпионати мамлакат ширкат карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Бозиҳои 27-умин Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 10 март оғоз мегарданд. Дар он 8 даста, аз ҷумла, «Истиқлол» (Душанбе), «Хуҷанд» (Хуҷанд), КМВА «Помир» (Душанбе), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), «Хатлон» (Бохтар), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) ширкат хоҳанд кард.

Чун соли гузашта, чемпионати мамлакат дар се давр баргузор гашта, ҳар як даста то анҷоми мавсим 21 бозӣ анҷом медиҳад. Дастае, ки аз рӯи натиҷаи мавсим мақоми охиринро ишғол кард, Лигаи олиро тарк мекунад. Инчунин дастае, ки мақоми ҳафтумро ишғол мекунад, барои боқӣ мондан дар Лигаи олӣ бо барандаи медали нуқрагии Лигаи якум бозии гузариш анҷом медиҳад.

Дар ҷараёни қуръакашӣ  намояндагони клубҳои Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол бо навбат бо назардошти раддабандӣ барои муайян кардани рақами силсилавӣ қуръа кашиданд. Аз натиҷаи он дастаҳо чунин рақамгузорӣ шуданд:

  1. «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)
  2. КМВА «Помир» (Душанбе)
  3. «Хатлон» (Қӯрғонтеппа)
  4. «Барқчӣ» (Ҳисор)
  5. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
  6. «Истиқлол» (Душанбе)
  7. «Хуҷанд» (Хуҷанд)
  8. «Кӯктош» (Рӯдакӣ)

Аз рӯйи натиҷаи қуръакашӣ чор бозии даври аввали Чемпионати Тоҷикистон-2018 оид ба футбол муайян гардид:

Даври 1-ум

«Панҷшер» – «Кӯктош»

КМВА «Помир» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Истиқлол»

«Барқчӣ» – «Регар-ТадАЗ»

Даври 2-юм

«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ»

«Истиқлол» – «Барқчӣ»

«Хуҷанд» – «Хатлон»

«Панҷшер» – КМВА «Помир»

Даври 3-юм

КМВА «Помир» – «Кӯктош»

«Хатлон» – «Панҷшер»

«Барқчӣ» – «Хуҷанд»

«Регар-ТадАЗ» – «Истиқлол»

Даври 4-ум

«Кӯктош» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

«Панҷшер» – «Барқчӣ»

КМВА «Помир» – «Хатлон»

Тақвими пурраи бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон баъд аз тасдиқ шудан нашр хоҳад шуд.

 

Февраль 23, 2018 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Беҳтаринҳои Лигаи футзали Тоҷикистон дар мавсими 2025 муайян шуданд
Ғолибони Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе муайян шуданд
МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд