Варзишгарони тоҷик то соли 2017 дар Бозиҳои Осиё 21 медал ва дар Бозиҳои олимпӣ 4 медал ба даст овардаанд

Февраль 14, 2018 15:18

ДУШАНБЕ, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 таъсис ёфта, 24 сентябри соли 1993 ба узвияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ пазируфта шудааст. Кумита ҳамчунин узви Шӯрои олимпии Осиё, Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ва Федератсияи Бозиҳои исломӣ мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 роҳбари Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мебошанд.

Таҳти роҳбарӣ ва ғамхориҳои Пешвои миллат дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бори аввал соли 1994 дар Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки дар шаҳри Хиросимаи Япония баргузор шуд, иштирок кард. Дар бозиҳои олимпӣ аввалин маротиба зери парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 (Атланта, ИМА) ширкат намуд. Варзишгарони тоҷик то соли 2017 дар Бозиҳои Осиё 21 медал ва дар Бозиҳои олимпӣ 4 медал (1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд.

Аввалин медали Бозиҳои олимпиро Расул Боқиев сазовор шуд. Ӯ дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 (Чин) дар намуди дзюдо (вазни -73 кг) медали биринҷӣ ба даст овард. Медали дуюмро (нуқра) дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 Юсуф Абдусаломов аз намуди гӯштини озод (вазни -84 кг) гирифт. Дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева дар намуди бокс миёни бонувон (вазни -60 кг) сазовори медали биринҷӣ шуд. Соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро Дилшод Назаров дар намуди гурзандозӣ аввалин медали тиллоро ба Тоҷикистон овард.

Аввалин медали (биринҷӣ) Бозиҳои Осиёро Хайрулло Назриев дар намуди дзюдо (соли 1994, Хиросима) сазовор гаштааст.

Варзишгарони мо дар Бозиҳои Осиё 4 медали тилло, 3 нуқра, 14 биринҷӣ ба даст овардаанд. 3 медали тилло ба гурзандоз Дилшод Назаров ва 1 медали тилло ба муштзан Ҷаҳон Қурбонов мансуб аст.

Февраль 14, 2018 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад