Ватан қаҳрамонони худро фаромӯш намекунад

Февраль 22, 2018 16:28

ДУШАНБЕ, 22.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Артиши миллӣ бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба полковник Хайриддин Аҳтамов барои ҷасорат ва мардонагӣ зимни ҳимояи сарҳади давлатӣ ордени «Спитамен, дараҷаи I» дода шуд.

Муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ генерал — полковник  Раҷабалӣ Раҳмоналӣ мукофоти баланди давлатиро дар ҳузури фарзандон, наздикон ва ҳамхизматони марҳум Хайриддин Аҳтамов  ба ҳамсари ӯ Гулнисо Нозимова аз номи Пешвои миллат тақдим намуда, зикр кард, ки роҳбарияти олии Тоҷикистон ва миллати бошарафи тоҷик ҳеҷ гоҳ фарзандони шуҷоъ ва қаҳрамони худро фаромӯш намекунад.

Мавриди зикр аст, ки чанд рӯз пеш бо ташаббуси фармондеҳии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ манзили истиқоматии ҳамсар ва фарзандони полковник Хайриддин Аҳтамов пурра таъмир ва бо таҷҳизоти муосиру замонавӣ (рахти хоб барои кӯдакон, телевизиору қолин ва дигар ашёи рӯзгор) таъмин карда шуд. «Мо ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки ҳамсар ва чор фарзанди ҳамяроқи мо Хайриддин Аҳтамов худро танҳо ҳис кунанд, зеро афсари тоҷик Хайриддин Аҳтамов барои таъмини амнияту осоиштагии сокнони мамлакат ҷони худро сипар кардааст. Ёди ӯ ва қаҳрамониҳои ӯ ҳамеша дар қалби мост», — гуфт полковник Бадриддин Мирзоев, муовини Фармондеҳи қушунҳои сарҳадии КДАМТ ҶТ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ.

Баъд аз маросими супоридани ордени «Спитамен, дараҷаи I», афсари қӯшунҳои сарҳадӣ Шуҳрат Раҳмонализода ҷасорату қаҳрамониҳо ва хизмати содиқонаи полковник Хайриддин Аҳтамовро ба  ёд овард. «Хайриддин Аҳтамов ҳамеша дар сафи пеши амалиёти машқиву ҷангӣ қарор дошт, ҳеҷ вақт намегузошт, ки аскарони қаторӣ дар сафи пеш бошанд, балки аввал худ пеш баромада, ба дигар афсарон намунаи олии ҷасуриву бебокӣ нишон медод. Дар баробари шуҷоату далерӣ хислатҳои олии инсонӣ дошт, хоксорӣ, фурутанӣ ва эҳтироми калонсолонро ба ҷо меовард», — зикр кард Ш.Раҳмонализода.

Хотиррасон мекунем, ки шоми 2 декабри соли гузашта дар дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и отряди сарҳадии «Шӯрообод» (ноҳияи Шамсиддини Шоҳин) гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони афғон кӯшиш карданд, ки бо маводи мухаддир вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд. Ҷинояткорони мусаллаҳи афғон ба огоҳии  сарҳадбонони тоҷик оид ба истодан итоат накарда, аз тамоми яроқҳои доштаашон ба тарафи сарҳадбонони тоҷик оташ кушоданд. Дар натиҷа, сардори отряд полковник Аҳтамов Хайриддин Талбакович зимни амалиёт қаҳрамонона ҳалок ва чор нафар сарҳадбонон захмдор шуданд. Аз оташи ҷавобии марзбонони тоҷик се нафар қочоқбари афғон безарар гардонида шуда, боқимонда бо истифода аз торикии шаб ба хоки Афғонистон паноҳ бурданд. Дар ҷои ҳодиса 4 автомати Калашников ва беш аз 33 килограмм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.

Хайриддин Аҳтамов соли 1975 таваллуд шуда, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи олии сарҳадии шаҳри Рязани Россия  дохил гардид ва онро соли 1997 хатм намуд.  Аз соли 1997 дар мақомоти интизомии мамлакат хизмати ҳарбиро шурӯъ намуда, то ба вазифаи сардори қисми низомӣ расида буд.

 

 

 

Февраль 22, 2018 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»