Вазорати корҳои дохилӣ: шахси дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта дар Тошканд дастгир гардид
ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки сокини деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, ки дар кофтукови байналмилалӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд боздошт гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар асоси Шартномаи «Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, психотропӣ ва прекурсорҳои он» ва дар натиҷаи ҳамкории мутақобилаи сатҳи баланди ин вазоратҳо дар мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, 26 феврали соли равон шаҳрванд Воҳидов Ҳомид Ҷурақулович, соли таваллудаш 1961, сокини деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор, ки ҳамчун шахси пешсудшуда бо моддаи 273 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷинояти дар моддаи 200 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда дар кофтукови байналмиллалӣ қарор дошт, аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳамкории дуҷониба дар ин самт вусъат меёбанд.
Мавриди ёдоварист, ки чанде пеш зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зикр намуда буд, ки нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирӣ намудани амалҳои террористӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо низ назаррас мебошад. Аз ҷумла, тавассути сари вақт аз ҷониби вазорат пешниҳод намудани хабарҳои фаврӣ дар Федератсияи Россия 5 ҳолат, Ҷумҳурии Мардумии Чин 1, Қазоқистон 1, Ӯзбекистон 2 ва дар Украина 1 ҳолати амалҳои террористӣ пешгирӣ гардиданд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ 210 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 400 нафар барои содир намудани 620 ҷиноят дар самти терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ дастгир карда шуд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






