ВКД ХАБАР МЕДИҲАД…

Февраль 27, 2018 10:40

ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда вазифаи аввалиндараҷаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои дуздиву авбошӣ, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои содирнамудаи баъзе шаҳрвандон ҳамарӯза хабар медиҳад. Ин ҳолат новобаста аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия аз сабаби ноогоҳӣ, надоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва нодида гирифтани талаботи қонун аз ҷониби гумонбарон рух медиҳад. Инак чанде аз онҳоро барои хонандагони АМИТ «Ховар» пешниҳод мекунем.

Ҳамсар маблағи шавҳарро ба яғмо бурд

Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ зани 51-солаи сокини кӯчаи Борбади пойтахт бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда 25 феврали соли 2018, бо роҳи пинҳонӣ 6123 сомониро, ки ба шавҳараш, марди 60-солаи сокини кӯчаи мазкур тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ин далел мавриди тафтиш қарор дорад.

Тақаллубкорон ба даст афтоданд

Ба мақомоти милитсия марди 34-солаи сокини ноҳияи Бохтар дар он хусус муроҷиат намуд, ки 14 июли соли 2017, марди 48-солаи сокини ноҳияи мазкур, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 6.000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз заминҳои ҷамоати деҳоти Сарикиштӣ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, 12 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.

Ҳамчунин ба шуъбаи ВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур зани 57-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2016, ҳангоми дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе қарор доштанаш, зани 35-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ба маблағи 3.150 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Айни замон нафарони қаллоб дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.

Расонидани зарари вазнин дар ҳолати сархушӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Хуҷанд ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда 21 феврали соли равон, тахминан соати 22:00, дар ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми дар ҳолати мастӣ қарор доштан аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо падараш, марди 61-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади қасдан расонидани зарар ба саломатӣ ба сари падараш аввал бо миз зада, баъдан сарашро ба кунҷдевори тиреза задааст.

Дар натиҷа, марди ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Даст задани аҳли оила ба дуздӣ

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 60-солаи сокини ҷамоати деҳоти К.Сайфуддинови ноҳияи Панҷ муроҷиат намудааст, ки моҳи июли соли 2017, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз лаби канали обгузари назди ҳавлии истиқоматиаш 2 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 6.000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 46-сола, ки пеш бо моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамсараш, зани 38-сола ва писараш ноболиғи 15-солаи сокинони ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Тафтишот муайян намуд, ки гумонбари ҷинояти дуздӣ, марди 46-солаи сокини ноҳияи Панҷ, ҳамчунин моҳи августи соли 2017, бо тариқи пинҳонӣ аз заминҳои хоҷагии деҳқонии деҳоти Пахтакори ноҳияи Панҷ 1 сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 35-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ дошта, арзишаш 2800 сомонӣ мебошад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

 

 

 

Февраль 27, 2018 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид