21 феврал-Рӯзи байналмилалии забони модарӣ: Ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо дар Тоҷикистон эҳтиром гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 21.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Забони модарӣ забоне дар назар дошта мешавад, ки аз овони ширхорагӣ онро аз модару падар, бародару хоҳар ва ҳамқавмон шунида, ёд гирифта, ба он такаллум карда шавад. Мутобиқи консепсияи маъмули сотсиолингвистӣ, забони модарӣ забонест, ки онро одам бидуни омӯзиши махсус аз даврони тифлӣ, дар муҳити забонии махсуси хонаводагӣ меомӯзад ва ин аввалин забонест, ки шахс онро аз худ мекунад. Ин матлабро директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода дар Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал таҷлил карда мешавад, ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
Аммо дар баробари забони модарӣ,- мегӯяд номбурда,- аз тифлӣ имкони аз бар кардани забонҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки он берун аз муҳити хонаводагӣ аст ва онҳоро метавон забонҳои дуюм ва сеюм номид. Бино ба маълумоти забоншинос, дар забонамон истилоҳоти забони тоҷикӣ, забони миллӣ, забони оммафаҳм, забони модарӣ ва забони умумихалқӣ мавҷуд аст, ки аз ҳамдигар фарқ мекунанд, ҳарчанд ки аломат ва хусусиятҳои умумӣ ҳам доранд. Меъёрҳое, ки забони модарӣ буданро муайян менамоянд, зиёд нестанд. Якум-тартиби азхудкунӣ, ки мутобиқи ин меъёр забони модарӣ дар оила аз ҳомилони забон — волидайн ба таврӣ табиӣ бидуни тадрис аз худ карда мешавад. Дуюм-сифати аз худ кардани забон аст. Чун аз тифлӣ аз наздиктарин шахсон омӯхта мешавад, забони маънавиёти одам шуда, латифтарин маъниҳои адабиро бо он метавон баён кард. Сеюм-доираи истифода аст, ки дар байни забонҳое, ки инсон меомӯзад, забони модарӣ серистеъмолтарин ва фаҳмотарин забон маҳсуб мегардад. Зеро бо вай аз рӯзҳои аввали ҳаёташ рӯ ба рӯ мешавад. Ин аст, ки баъзан одамон аз доираи забони адабии меъёр берун рафта, бо гӯйиши маҳаллӣ суҳбат карданро авлотар медонад.
Бояд зикр намуд, ки бо таваҷҷуҳ ба гуногунмиллатии кишварҳо дар ҳар мамлакате имкони будани чандин забони модарӣ мавҷуд аст ва ин миллатҳо барои истифодаи забони модариашон ҳуқуқи баробар доранд. Дар Тоҷикистон, ки аксариятро тоҷикон ташкил мекунанд, аз ин рӯ забони тоҷикӣ ба унвони забони модарии мардуми тоҷик дониста мешавад.
Тавре Сахидод Раҳматуллозода мегӯяд, «бо вуҷуди ин, дар Тоҷикистон дар баробари забони тоҷикӣ забонҳои бехатти эронинажоди бадахшонӣ ва яғнобӣ мавҷуданд, ки аз забонҳои шарқи эронии давраи миёнаи таърихи забонамон маншаъ мегиранд ва забони модарии шахсоне, ки ба ин забонҳо гап мезананд, забони яғнобӣ, рӯшонӣ, шуғнонӣ, язғуломӣ, бартангӣ, рошорвӣ, вахонӣ, мунҷонӣ ва ғайра мебошад. Бо сабаби он ки забони тоҷикӣ қаробати мустақими хешии таърихӣ бо забонҳои мазкур дорад ва дар макотиби ин мардум ба ҳайси забони асосӣ омӯхта мешавад, онро метавон забони модарии онҳо низ номид».
Дар Тоҷикистон дар баробари миллати тоҷик миллатҳои ӯзбек, рус, қазоқ, қирғиз, туркман ва ғайра умр ба сар мебаранд, ки забони модариашон аз доираи гурӯҳи забонҳои эронӣ берун аст ва забони модариашон ӯзбекӣ, русӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, туркманӣ ва ғайра мебошад. «Дар муҳити бисёрзабонӣ яке аз забонҳои модарӣ метавонад ба ҳайси забони миёнрави байни қавму миллатҳо хизмат кунад, ки натиҷаи он то ба забони муоширати байниқавмию байни миллатҳо ташаккул ёфтани он мегардад. Яъне дар асоси ташаккули меъёрҳои забони модарии ин ё он қавму миллат метавонад забони миллии он кишвар ба вуҷуд омада, ба унвони забони давлатӣ қабул гардад. Ҳамин хусусиятро дар Тоҷикистон забони тоҷикӣ дорад, зеро вай дар тӯли садсолаҳо ба унвони забони модарии аксарияти мардуми ин сарзамин тараққӣ карда, ҳамчун забони миллӣ сабзида, меъёрҳои савтӣ, сарфию наҳвӣ ва луғавии он сайқал ёфта, барои таъмини ниёзҳои мардуми сарзамин тамоми имконоти забониро доро мебошад»,-гуфт забоншиноси тоҷик.
Тавре ҳамсуҳбат зикр намуд, дар дунё забонҳои модарие мавҷуданд, ки таркиби луғавии бой надоранд ва дар давраи ибтидоӣ зиндагӣ мекунанду ниёзҳояшон бо ҳамин калимаҳо бароварда мешаванд, аммо забонҳои модарии дигаре ҳастанд, ки фонди асосии луғавӣ ва таркиби луғавии пуриқтидор доранд ва дорои ҳазорон калимаю ибора, фразеологизмҳо, зарбулмасалу мақол ва таркибҳои гуногун мебошанд. Забонҳои пуриқтидори модарӣ аз доираи хонаю маҳал ва минтақа убур карда, метавонанд сарзамини бузургеро бо ҷамъияти миллионнафарӣ фаро гиранд. Таркиби луғавии ин гуна забонҳо барои баёни истилоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти мардум, аз қабили истилоҳоти хешутаборӣ, кишоварзӣ, тиббӣ, боғдорӣ, ҷангал, роҳсозӣ, топонимӣ, антропонимӣ, чорводорӣ, мурғпарварӣ, шикор, ҷашну маросимҳо, шеъру адаб, фолклор, касбу кор (оҳангарӣ, кулолӣ, заргарӣ, мисгарӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ) имкониятҳои фаровон дорад. Яке аз ҳамин гуна забонҳо забони модарии мардуми тоҷик аст. Модари тоҷик фарзандашро аз гаҳвора забон меомӯзонад, ки ин тавассути шеъру суруд, афсона ва таронаҳои дилнишинаш ба ӯ муяссар мегардад ва дар онҳо мавзӯъҳои гуногунмазмун- ғаму шодӣ, танҳоӣ, ғурбат, ватандорӣ, паҳлавонӣ, ҷасурӣ, накӯӣ, садоқат, меҳру муҳаббат, ростию дӯстӣ ва ғайра тараннум мегарданд ва ин забонро бешубҳа, метавон забони модарӣ ном гузошт.
Бояд зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони модарӣ ҳамрадифи забони тоҷикӣ – забони давлатӣ аст ва забони миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардида буд, чунин меъёр муқаррар шудааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд», яъне тибқи ин санад ба забони модарии ҳамаи қавму миллатҳо дар Тоҷикистон эҳтиром гузошта мешавад.
Дар ин замина С. Раҳматуллозода гуфт, ки як нуктаи бисёр муҳим ин аст, ки Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат (25 март, 2004) талқин менамоянд, ки «забон дар ҳақиқат асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Ифтихор аз Ватану аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама, дар поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ифода меёбад. Таърих гувоҳ аст, ки баъди гум кардани забони модарӣ миллат низ дер ё зуд тафаккур, ифтихор ва ҳатто давлату давлатдории миллии худро аз даст дода, забон ва унсурҳои фарҳангии бегонаро мепазирад».
Ин аст, ки дар баробари эҳтиром гузоштан ба забони модарии қавму миллатҳои гуногуни муқими Тоҷикистон ба забони модарии мардуми бумии он – тоҷикон, ки ҳамзамон забони давлатии кишвар ба шумор меравад, бояд аҳамияти хосса зоҳир намуд. “Тадбирҳои дар давраи Истиқлолият андешидаи Ҳукумати ҶТ бо сарварии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои равнақу ривоҷи он тамоми шароитро фароҳам овардааст, ки аз онҳо бояд самаранок истифода намоем. Тавре Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд: «Акнун замоне фаро расидааст, ки мо низ бояд мисли дигар кишварҳои пешрафтаву мутамаддин пайваста дар андешаи пок ва солим нигоҳ доштани забони давлатии худ бошем, вуруди ҳар як унсури навро ба забон дар асоси меъёрҳои адабӣ танзим намоем ва дар навбати аввал ба ҳама гуна ғалатгӯиву ғалатнависӣ хотима бахшем»,-хулоса намуд директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АИҶТ Сахидод Раҳматуллозода.
Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «ХОВАР»