ЗАНОН ДАР СОҲАИ ИЛМ. Сиёсати Пешвои миллат барои дастгирии занону духтарони болаёқат ва онҳое, ки илму дониши ба талабот ҷавобгӯ доранд, равона шудааст

Февраль 14, 2018 10:33

 БОХТАР, 14.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар  вилояти Хатлон 350  нафар олимон  фаъолият доранд,  ки 47 нафарашонро  занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла,  3  нафар зан  доктори  илм, профессор, 43  нафар  номзади илм буда, 14  нафарашон дотсент мебошанд. Ғайр  аз ин  дар вилоят теъдоди  зиёди занон унвонҷӯ  мебошанд. Ин суханонро муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода зимни конференсияи  илмӣ-назаривӣ бахшида  ба  Рӯзи  умумиҷаҳонии  занон  дар  соҳаи  илм баён дошт.

Ёдовар мешавем, ки дар  шаҳри Кӯлоб  дар  мавзӯи  «Занон ва  рушди  илми  муосир» конференсияи  илмӣ-назаривӣ баргузор  гардид.

Тавре аз  Раёсати кор  бо  занон  ва  оилаи вилояти  Хатлон  ба  АМИТ «Ховар»  иттилоъ  доданд,  дар  семинар  занон-намояндагони илм  аз  донишгоҳу коллеҷҳои Бохтар,  Кӯлоб ва  Данғара  ширкат  варзиданд.

Дар маросими  ифтитоҳи конфронс  муовини раиси  вилояти  Хатлон  Махфират  Хидирзода  саҳми  занонро  дар рушди илми  муосир  назаррас  номида, аз ҷумла, гуфт, ки «шумораи  занони олимаи тоҷик  сол  ба  сол меафзояд. Шурӯъ аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат то ба имрӯз пай дар пай аз ҷониби Пешвои миллат ҷиҳати ҷалби духтарону занон  ба илм ва таҳсил тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Қабул гардидани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар мамлакат дар соҳаи илм  барои ҷалб ва дастгирии ҷавонондухтарон ба илм замина фароҳам овард. Имрӯз он сиёсате, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда истодаанд, пеш аз ҳама, барои дастгирии занону духтарони болаёқат ва ҳамаи онҳое, ки илму дониши  ба талабот ҷавобгӯ доранд, равона карда шудааст».

Февраль 14, 2018 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст