10 адад мошини ёрии таъҷилӣ — туҳфаи наврӯзии Ҳиндустон ба беморхонаҳои Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 19.03.2018/АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Исфара, Панҷакент, Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Хоруғ, Ишкошим ва Мурғоб даҳ адад мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа кард.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, калиди мошинҳои ёрии таъҷилиро дар маросими тантанавӣ дар Душанбе ба масъулин Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатх Гош супорид.
Сомнатх Гош таъкид кард, ки ин иқдом дар доираи ҳамкории дӯстона ва мутақобилан судманди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон сурат мегирад.
«Дар асоси ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар бахши тандурустӣ, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон моҳи октябри соли 2014 дар ҷануби Тоҷикистон шифохонаи ҳарбии умумисоҳавии гарнизони Хатлон, ки номи «Шифохонаи дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон»-ро дорад, сохта ба истифода дода шуд. Ин беморхона бо таҷҳизоти муосири муоинавию муолиҷавӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он натанҳо ба низомиён, балки ба сокинони минтақа низ хизмат расонида мешавад», — афзуд Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамзамон Сомнатх Гош таъкид кард, ки дар оянда дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ –телепизишкиро роҳандозӣ хоҳанд кард. Дар сурати татбиқи ин лоиҳа бархе аз беморхонаҳои Тоҷикистон бо беморхонаҳои пешрафтаи Ҳиндустон робитаи онлайнӣ тавассути шабакаи интернет, мустақиман ба роҳ монда шуда, шабакаи мазкур на танҳо барои муолиҷаи беморон, балки ҷиҳати табодули таҷриба байни табибони Тоҷикистону Ҳиндустон, инчунин додани тавсия ва маслиҳатҳои муфид байни табибон мусоидат менамояд. Зикр шуд, ки масъалаи мазкур дар баррасии ҷониби Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамзамон қайд шуд, ки бо назардошти афзоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хоҳиши муоина ва табобат дар беморхонаҳои Ҳиндустонро доранд, дар оянда парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатсайри Душанбе-Деҳлӣ дар як ҳафта ду маротиба анҷом дода хоҳад шуд.
Дар маросими супоридани мошинҳои ёрии таъҷилӣ ҳамзамон намояндагони масъули вазорату идораҳои марбута ва идораҳои бахши тандурустии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ширкат доштанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






