Профессор Олимҷон Бобоев: «Густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба манфиати мардуми ҳарду мамлакат мебошад»

Март 13, 2018 12:28

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Президентҳо хислати стратегӣ доштани тавсеаи минбаъдаи мутақобилан судманди ҳамкории тиҷоративу иқтисодии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро таъкид намуданд. Ин нукта зимни баёни изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ки 9 марти соли равон сурат гирифт, изҳор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Олимҷон Бобоев зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» ин иқдомро самараи  нек ва дурбинонаи сиёсии роҳбарони ду давлати ба ҳам дӯст – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дониста, гуфт: «Баимзорасии санадҳои зиёди дуҷониба ва нияти дар сатҳи стратегӣ ба роҳ мондани ҳамкории тиҷоративу иқтисодии ду мамлакат, ки чанде пеш  мо шоҳиди он будем, барои ояндаи дурахшон, инкишофи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии дуҷониба заминаи устувор гузоштанд. Ман фикр мекунам, ки бисёре аз ин санадҳо ба татбиқшавӣ шурӯъ карданд ва тавре сарони давлатҳо зикр намуданд, ҳамаи ин корҳо барои беҳбудии зиндагии мардуми ҳарду мамлакат амалӣ карда шуданд».

Ба роҳ мондан ва густариш додани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, пеш аз ҳама, аз ҳамгироии  нақлиётӣ оғоз мегардад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, маҳз ҳамин самтро ба назар гирифта, зимни ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар Тоҷикистон  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг»-ро ифтитоҳ намуданд, ки он вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистонро бо вилояти Хатлон пайваст мекунад. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар чанд рӯзи охир чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадии Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ гардиданд, ки онҳо низ барои густариши равобити гуногунҷанбаи иқтисодию тиҷоратӣ  мусоидат менамояд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи суҳбат густариши тиҷорати байни ду мамлакати ҳамсояро бисёр муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт: «Дар солҳои қаблӣ низ муносибатҳои тиҷоратӣ буданд, аммо на ба он сатҳе, ки мардум мехостанд. Имрӯз, хушбахтона, як марҳилаи нав дар ин ҷода оғоз гардид ва ман фикр мекунам, ки дар оянда тиҷорат байни ду мамлакат хеле рушд меёбад ва миёни ҳамаи давлатҳое, ки мо бо онҳо гардиши мол дорем, Ӯзбекистон ба худ мавқеи намоён касб мекунад. Дар ин самт мо низ аз афзалиятҳои қиёсии худ истифода бурда, байни ду давлат тиҷоратро рушд медиҳем».  Дар банди панҷуми изҳороти муштараки сарони давлатҳо инчунин омадааст: «Тарафҳо баргузории бомуваффақияти намоишгоҳҳои миллӣ ва анҷуманҳои соҳибкориро дар соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд, ки он ба тавсеаи робитаҳо байни доираҳои соҳибкорӣ ва имзои бастаи бузургҳаҷми аҳднома ва шартномаҳои тиҷоратӣ мусоидат намудааст, қайд карданд».  Дар партави ин гуфтаҳо доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Олимҷон Бобоев нуқтаи назари худро чунин баён дошт: «Вақте ки ҳамгироии нақлиётӣ ва рафтуомад ба вуҷуд омада, афзалиятҳои якдигар муқаррар шуданд, пас аз он метавонад марҳилаи истеҳсолӣ ба вуҷуд омада, дар ҳудуди ҳар ду давлат бо сармоягузории дуҷониба корхонаҳои муштарак таъсис дода шаванд. Ин барои рушду нумӯи ҳарду мамлакат метавонад заминаи ояндасоз барпо кунад. Умуман самтҳои мутақобилан судманди ҳамкории иқтисодию тиҷоратии байни ду мамлакат ниҳоят васеъ мебошанд».

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, қариб дар ҳамаи соҳаҳо- ҳам дар самти иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ созишномаҳои мушаххаси дуҷониба ба имзо расиданд, ки дар ин замина дар ояндаи наздик вазъи иқтисодиву иҷтимоии ду давлат беҳтар мегардад.

«Аз суҳбати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ман эҳсос кардам, ки онҳо  бо як меҳри хосса, ҳавас, дӯстона ва ниҳоят ҷиддӣ ба рушди муносибатҳо рафтор намуданд. Густариши ин масъалаҳо, албатта, вақти муайянро тақозо менамояд.

Он созишномаҳои дуҷонибае, ки дар ҷараёни сафар ба имзо расиданд, барои беҳбудии зиндагии мардуми ду кишвар мусоидат хоҳанд кард, зеро ба бозори истеъмолӣ молҳои нав ва ё беҳтар ворид мегарданд. Маълум аст, ки вақте дар бозор маҳсулот зиёд шуд, арзиши он поён рафта, барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад».

Маврид ба зикри хос аст, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 9-10 марти соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар ин раванд зиёда аз 40 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ба имзо расиданд, ки дар рушди ҳамкории мутақобилан судманди ду мамлакат заминаи нав мегузоранд.

 

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Март 13, 2018 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
ЗИМИСТОН ФАРО РАСИД. Дар моҳи аввали ин фасл ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад
Дар Истаравшан 45 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шуғнон 233 иншоот бунёду навсозӣ мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мош қобилияти дуру дароз захира шуданро дорад