20 ШИРКАТИ НАВ БА БОЗОРИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН ВОРИД ГАРДИДАНД! Имтиёзҳои андозию гумрукӣ дар бахши сайёҳӣ натиҷаҳои дилхоҳ медиҳанд
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар тӯли панҷ моҳи охир зиёда аз 20 ширкатҳои нави сайёҳӣ ба бозори сайёҳии Тоҷикистон ворид гардида, фаъолияти худро ба таҳияи хатсайрҳои нави сайёҳӣ, пешниҳоди он ба муштариён ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони хориҷӣ сафарбар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, илова намуданд, ки дар айни замон бунёди як қатор иншооти инфрасохторӣ низ мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорон қарор дорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бо мақсади пайдо кардани роҳҳои рушди бахши сайёҳӣ, барои ҷалб намудани сармоягузориҳо ба ин бахши муҳими иқтисодиёт давлат аввалан самтҳои афзалиятноки онро муайян карда, ба он имтиёзҳо ҷудо менамояд. Зеро дар марҳилаи аввал давлат бахши хусусиро барои сармоягузорӣ ҳавасманд намуда, барои обод намудани мавзеъҳои сайёҳӣ заминаҳои зарурии иқтисодӣ ва ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Дар ин росто, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла тавассути пешниҳоди имтиёзҳои назарраси андозию гумрукӣ, солҳои охир фаъолияти сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд мекунад ва умед аст, ки дар ояндаи наздик ба иқтисоди миллӣ таъсмири муфид хоҳад расонид.
Дар тӯли панҷ соли аввали фаъолият аз андози фоида озод намудани ширкатҳои сайёҳӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва маводи сохтмонӣ барои бунёди иншооти сайёҳӣ, аз қабили меҳмонхона, осоишгоҳ ва истироҳатгоҳҳо, марказҳои сайёҳӣ ва дигар иншооти сайёҳӣ, инчунин ба андозаи 50% коҳиш додани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нави сабукрав таваҷҷуҳ ва ҳавасмандии соҳибкоронро барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори ин соҳа зиёд гардонид.
Дар баробари ин, бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҳамаи намудҳои андоз озод намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ боиси такони нав бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳё гаштани ҳунарҳои аз байнрафта ва ҳарчӣ зиёдтар баровардани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ мегардад.
Ҳамзамон, бояд зикр намуд, ки имтиёзҳои номбаршуда барои рушди менеҷменти саноати сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои ба он дахлдор, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, ба таври кофӣ гузаронидани корҳои таблиғотию — рекламавӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар, алоқаи мустаҳкам ва самараноки давлат ва бахши хусусии соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ҷиҳати сохтмони меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, таъмири роҳҳо то мавзеҳои сайёҳӣ, инфрасохтори ин мавзеҳо ва баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии онҳо бо истифода аз имтиёзҳои андозиву гумрукии пешниҳодшуда, расонидани кумаки касбӣ ҷиҳати банақшагирии сайёҳӣ ва истифодаи самараноки механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар иншоотҳои сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.









РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






