АМИТ «ХОВАР» «АГЕНТИИ ИТТИЛООТИИ СОЛ» ГАРДИД
ДУШАНБЕ, 12.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик маросими қадрдонии беҳтарин рӯзноманигорон ва собиқадорони матбуоти даврӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади тантанавӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода изҳор намуд, ки ВАО яке аз воситаҳои муҳими ҳимояи манфиатҳои миллии мамлакат ба шумор рафта, дар замони муосир нақши муассир ва барҷаста дорад.
Вазир собиқадорони матбуоти давриро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва як гурӯҳ рӯзноманигоронро бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуот» ва диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд.
Аз ҷумла, хабарнигорони АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Акрамхоҷа Акбар бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин дар идомаи ҷамъомади идона раиси Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиннатуло Исмоилзода рӯзноманигоронро бо иди касбияшон табрик намуда, якчанд номинатсияи беҳтарин дар ВАО-ро эълон намуд.
Ҳамин тариқ, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Агентии иттилоотии сол» гардид. Радиои «Имрӯз» — «Радиои сол», телевизиони «Варзиш» — «Телевизиони сол», маҷаллаи «Садои Шарқ» — «Маҷаллаи сол», нашриёти «Шарқи озод» — «Нашриёти сол» дониста шуданд.
АМИТ «Ховар» дар ин ҳамоиш инчунин бо Сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «барои ҳамкории судманд, инъикоси дастовардҳои соҳаи маориф, ҳиссаи арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва маърифатнокии аҳолӣ» тақдир карда шуд.
Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 371 рӯзнома (109 давлатӣ ва 262 хусусӣ) ва 243 маҷалла (113 давлатӣ ва 130 хусусӣ) чоп мегарданд. Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 313 матбаа (36 давлатӣ ва 277 хусусӣ), 45 нуқтаи китобфурӯшӣ (3 давлатӣ ва 42 хусусӣ), 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 хусусӣ) ва 11 агентии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 хусусӣ) фаъолият мекунанд. Ҳоло ҳамаи матбуоти даврӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар бораи табъу нашр» ба роҳ мондаанд.













МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






