Ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад

Март 12, 2018 15:30

ДУШАНБЕ, 12.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Нақши матбуот  дар  ташаккули афкори ҷомеа хеле назаррас буда, ба он таъсири муқтадир ва муассир мерасонад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, «матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷомеаро аз бисёр нокомиҳо ва падидаҳои зараровар раҳо карда метавонад».

Вобаста ба Рӯзи матбуоти  тоҷик омӯзгори шуъбаи журналистикаи телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Лутфулло Ниёзов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки матбуоти тоҷик дар давраи истиқлолият тавонист, ки афкори ҷомеаро боз ҳам мустаҳкам намуда, барои пешрафти он таъсиргузор бошад. Он аз рӯзи пайдоиш то имрӯз рисолати худро аз даст надодааст.

Бояд гуфт, ки рӯзномаву маҷалла ва телевизиону радио ҳамчун яке аз воситаҳои асосии ба афкори ҷомеа таъсиррасон метавонанд ба ҳалли мушкилоти мавҷуда фаъолона мусоидат намоянд.

Тавре устод Садриддин Айнӣ дар ибтидои асри гузашта гуфта буд: «Рӯзномаи ҳар қавму миллат забони эшон аст ва ҳар қавму миллате, ки рӯзнома надорад, гӯё забон надорад». Ҳоло матбуоти тоҷик  таърихи 106- сола дошта, поягузори он  нахуст рӯзномаи сирф тоҷикии «Бухорои Шариф» мебошад, ки 11 марти соли 1912 рӯи чоп омада, яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангиву таърихии мардуми тоҷик дар сад соли гузашта маҳсуб мешавад.

Мутаассифона,  рӯзномаи мазкур то 3 январи соли 1913 умр дида, ҳамагӣ 153 шумора ба нашр расида буд.

«Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон матбуот ба сифати миёнарав байни ҳукумат ва ҷомеа мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100- солагии матбуоти тоҷик таъкид намуда буданд: «Дар ҳақиқат матбуот  ва ВАО ба  ташаккули  афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хосса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус  ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба ВАО ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд»»,- гуфт Лутфулло Ниёзов.

Матбуоти  тоҷик се марҳила — давраи пеш аз инқилоб, даврони шӯравӣ ва замони истиқлолро дар бар мегирад.
Бояд гуфт, ки матбуот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони шӯравӣ ба таври назаррас рушд кардааст. Давраи комилан нав ва аз лиҳози сохтор ва услуби кор ба таври ҷиддӣ фарқкунандаи фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт.

Тибқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ, имрӯз матбуоти тоҷик дар қиёс бо бисёр кишварҳо аз дидгоҳи озодии баён пешрафта мебошад.

Холисаи АСОМИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Март 12, 2018 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE иқдоми навро оғоз кард: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Дар Ёвон бахшида ба 31-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон-пояи устувори мафкураи сиёсӣ дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ
Дар Шаҳринав бо сокинон ва соҳибкорон оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш баргузор мегардад
Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»