«Ҷавонон-муаррифи фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ». Таҳти ин унвон дар «Боғи Ирам» барномаи фарҳангию фароғатӣ доир мегардад

Март 16, 2018 09:17

ДУШАНБЕ, 16.03.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои кишвар, бахши хусусӣ ва ташкилотҳои қарзӣ  17 марти соли 2018, соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»  барномаи  фарҳангию фароғатиро таҳти унвони «Ҷавонон – муаррифи фарҳанги миллӣ ва эҳёгарони ҳунарҳои мардумӣ»  доир менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, барномаи фарҳангӣ бо мақсади тарғиб ва ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028 баргузор мегардад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи ин барномаи фароғатӣ ташкили ҳамоишҳо ва гӯшаҳои сайёҳӣ, озмуни расмкашӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги миллӣ, бозиҳои миллии варзишӣ ва пухтани таомҳои миллӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин  дар барнома ташкили ярмаркаи фурўши маҳсулоти озуқаворӣ, ярмаркаҳои ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ ба роҳ монда мешавад.

Март 16, 2018 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд