АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ: ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон 843 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ворид гардидаанд

Март 20, 2018 14:01

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро  созмон дод.

Тавре аз Осорхонаи миллӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, намоиш бо ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ёдгориҳо ва асарҳои эҷоднамудаи устодону омӯзгорони донишкадаи мазкур ба намоиш гузошта шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» аз 17 март шурӯъ шуда, то 2 апрели соли 2018 идома меёбад.

Бояд зикр намуд, ки аз Наврӯзи соли 2017 то Наврӯзи соли 2018 дар маҷмӯъ 843 адад намунаи мероси гуногуни таърихӣ ба фонди Осорхона ворид гардидаанд. Аз ин миқдор ёдгориҳо 431 адади онҳо дар намоиши мазкур ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Март 20, 2018 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад