БИНОД ЧАУДҲАРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Имкониятҳои сайёҳии мамлакат ба мултимиллиардери Непал муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2018./АМИт «Ховар»/. Бинод Чаудҳарӣ ҷиҳати муаррифии китоби тарҷумаҳолии худ бо номи «Бозии калон: сарнавишти ибратангези нахустин миллиардери Непал» ин ҳафта аз кишварҳои Осиёи Марказӣ боздид ба амал овард. Зимни сафар Бинод Чаудҳарӣ аз шаҳрҳои Бишкек, Остона, Алмаато, Тошканд ва Душанбе дидан намуд.
Бинод Чаудҳарӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон дар Кохи Малика бо муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода вохўрӣ намуд.
Ширин Амонзода меҳмони непалиро ба Наврўзи оламафрўз, ки рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва яке аз суннатҳои қадимтарини мардуми мо ба ҳисоб меравад шодбош намуд.
Зимни мулоқот ба масоили рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ дахл карда шуда, зикр гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврўзи аҷдодӣ мақоми ҷаҳонӣ гирифта, арзишҳои миллии моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Ҳамзамон, сиёсати хориҷии “дарҳои боз”-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, ки ҳамкорӣ бо доираҳои соҳибкорӣ ва сайёҳӣ равнақ ёфта, таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ бо таври шоиста дар бозори ҷаҳонии соҳавӣ муаррифӣ карда шавад.
Бинод Чаудҳарӣ иброз дошт, ки ба бозори Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон дар соҳаҳои саноат ва рушди сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудааст, зеро имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон хеле бузург аст.
Дар доираи сафари худ соҳибкори муваффақи Непал Бинод Чаудҳарӣ аз маконҳои тамошобоби шаҳри Душанбе, аз ҷумла Боғи Парчам, Наврўзгоҳ, Кохи Наврўз ва дараи хушманзараи Варзоб боздид намуд.
Хотиррасон менамоем, ки алҳол сармояи Бинод Чаудҳарӣ аз 1,5 миллиард доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти расонаҳо, ӯ айни замон ягона миллиардери Непал буда, соли 2013 маҷаллаи амрикоии «Forbes» исми ӯро ба рӯйхати сарватмандтарин одамони сайёра шомил намудааст.
Бинод соҳибкори авлодӣ мебошад. Бобои ӯ Бхурамалл воридоти матоъҳои ҳиндиро ба Непал ба роҳ монда, ин корро падараш Лункаран Дас тақвият бахшидааст. Падараш воридоти матоъҳоро аз Япония ва Корея, инчунин содироти нахи пахтаро ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико роҳандозӣ намудааст. Падараш бемор шуд ва Биноди 18-сола маҷбур гардид, ки таҳсилро партофта, сарварии тиҷорати оилавиро ба дӯши худ бигирад. Ҳоло Бинод Чаудҳарӣ 62 сол дорад во корпоратсияи «Chaudhary Group(CG)»-ро, ки аз 80 ширкати алоҳида иборат аст, роҳбарӣ мекунад. Бинод инчунин Фонди хайрияи ба номи Чаудҳариро таъсис додаст, ки ҷиҳати рушди маориф, тандурустӣ, варзиш ва тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои ҷавонон дар непал маблағгузорӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки ташрифи чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ба кишвар дар бозорҳои байналмилалӣ маълумотро дар бораи давлат зиёд менамояд. Аз дигар ҷониб ба болоравии имиҷи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ барои густариши муносибатҳо дар бахши сармоягузорӣ шароит фароҳам меорад.











Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






