Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,0 фоизи солона паст кард
ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон, ки дирӯз баргузор гардид, ҷиҳати паст намудани меъёри бозтамвил ба андозаи 0,75 банди фоизӣ ва дар сатҳи 14,0 фоизи солона муқаррар кардани он қарор қабул гардид.
Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, қарори мазкур вобаста ба муътадилии сатҳи нархҳо ва ба нишондиҳандаи мақсадноки таваррум — 7,0 (+/-2%) фоизи солона мутобиқ гаштани он қабул гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар моҳи феврали соли 2018 сатҳи таварруми солона ба 5,2 фоиз баробар гардид, ки нисбат ба моҳи қаблӣ ба андозаи 1,3 банди фоизӣ кам мебошад.
Ба иттилои манбаъ, ба тамоюли пастравии таваррум дар моҳҳои январ-феврали соли равон, пеш аз ҳама, коҳишёбии интизориҳои таваррумӣ, мувозинатии талаботу пешниҳодот дар бозори хӯрокии истеъмолӣ ва бозори дохилии асъор мусоидат намуд. Аз ҷумла, дар сохтори тағйирёбии таваррум дар ин давра поёнравии нархи бархе аз маҳсулоти серистеъмоли аҳолӣ, аз қабили орд, биринҷ, равғани растанӣ ва сабзавот мушоҳида гардид. Инчунин нархи маводи сӯзишворӣ, ба монанди гази моеъ раванди коҳиш дошт, ки ин пеш аз ҳама, ба муътадил гардидани нархи воридотии он вобастагӣ дорад.
Дар баробари ин, вобаста ба пешбурди сиёсати мутавозуни пулию қарзӣ фишорҳои монетарию қурбӣ ба сатҳи таваррум маҳдуд карда шуданд, ки дар натиҷа сатҳи таварруми аслӣ бо арзёбии солона ба 1,9 фоизи солона расид.
Пешбинӣ мегардад, ки сатҳи таваррум то интиҳои нимаи аввали соли 2018 раванди поёнравиро идома дода, минбаъд ва дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% + 2 б.ф.) нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамзамон хавфҳои эҳтимолии ба афзудани сатҳи таваррум таъсиррасон асосан бо омилҳои кӯтоҳмуддати мавсимӣ, шокҳои пешниҳодот, эҳтимолияти зиёд шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва лаппишнокии он, инчунин бо омилҳои берунӣ, аз қабили мавқеи сиёсати монетарии Низоми федералии захиравии ИМА ва вазъи геосиёсӣ дар минтақа алоқамандӣ дорад.
Бояд зикр намуд, ки дар мавриди амалигардии хавфҳои мазкур ва таъсири он ба вазъи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, Бонки миллии Тоҷикистон мавқеи сиёсати монетарии худро мутаносибан нигоҳ медорад. Айни ҳол, бо дарназардошти коҳишёбии хавфҳои таваррумӣ дар иқтисодиёт ва тадриҷан ба эътидол омадани вазъи иқтисоди берунӣ, Бонки миллии Тоҷикистон зарурати идома додани сиёсати қатъии монетариро намебинад ва аз ин лиҳоз меъёри бозтамвилро то сатҳи 14,0 фоизи солона паст намуд.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат идома медиҳад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






