Дӯстӣ ғалаба кард ва меҳмонон натавонистанд орзуқи якеро аз дигаре беҳтар гӯянд-бардошт аз Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо»
ДУШАНБЕ, 7.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Холаи Муборак Одинаеваи 70-сола, сокини ноҳияи Варзоб, яке аз иштирокчиёни Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо», ки имрӯз дар майдони Маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо маҳорат ва касбияти баланди кадбонугӣ тарзи омода намудани орзуқро пешкаши иштирокдорон гардонид.
Тавре Холаи Муборак ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Орзуқ як навъ хӯриши нонӣ мебошад, ки аз обу орду тухм ва равған пухта мешавад. Аввал аз ин намуди маҳсулот хамир шӯрида, 15-20 дақиқа дам медиҳем. Сипас, онро фатир карда, мухпар мезанему ба шакли чоркунҷа ё секунҷа мебурем. Дар дег равған андохта, дар оташи паст онро мепазем».
Ба нақли номбурда, дар давраҳои пеш орзуқ хӯриши хушхӯри идҳои суннатӣ ва ҷашни арӯсӣ ба шумор мерафтааст, вале имрӯз аз ҷониби ҳунармандон қариб ки ҳамарӯза дар дилхоҳ маърака пухта мешавад.
«Ин навъи хӯриши нониро дар ҳар минтақа ба ҳар навъ мепазанд. Масалан, дар шимоли Тоҷикистон ба орди гандум хамиртуруш андохта, хамир мешӯранд. Ба хамираш тухм ва равған низ ҳамроҳ мекунанд. Баъди 15—20 дақиқа дам додан хамирро хурд-хурд бурида, завола мегиранд ва чормағзвор кулула мекунанд. Сипас онро дар равған бирён карда, ба табақ мегиранд ва баъзан ба рӯяш шакар мепошанд. Дар минтақаи ҷануб орзуқро бештар дар рӯзҳои ид ё маърака тайёр мекунанд. Ҳамчун тӯшаи роҳ низ истифода мебаранд»,-илова намуд ӯ.
Холаи Муборак ҳунари кадбонугиро аз бибиҳояш омӯхта, ба духтарон ва келинҳояш низ омӯзонидааст. Тавре ӯ иброз медорад, ҳар касе ки соҳибҳунар аст, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳтоҷ намешавад. Ҳамеша ҷавонондухтаронро ба ҳунаромӯзӣ талқин мекунад.
Дар Фестивал қариб аз ҳама минтақаҳои мамлакат орзуқпазони моҳир иштирок доштанд ва байни ҳам рақобат карда, кӯшиш мекарданд аз якдигар пеш гузаранд. Вале чун ҳамешагӣ дӯстӣ ғалаба кард ва меҳмонон натавонистанд орзуқи якеро аз дигаре беҳтар гӯянд.
Холаи Муборак мегӯяд, «солҳои охир ҷашнҳои миллии тоҷикон хусусияти муттаҳидӣ касб кардаанд. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ имкони мусоид меорад, ки он ҳунарҳои мардумие, ки фаромӯш шуда буданд, дубора зинда шаванд ва мо гуфта метавонем, ки бо дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат ин ҳунарҳои аҷдодон боз ҳазорсолаҳои дигар аз насл ба насл ба мерос мемонанд. Мо шодем, ки якҷо дар фазои ором ин ҷашнро пешвоз мегирем. Ба ҳама хушбахтӣ ва сулҳу амонӣ таманно дорам».
Ёдовар мешавем, ки ҳадаф аз баргузории фестивал- озмун дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ арҷ гузоштан ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар мамлакат, мавриди истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ мебошад.










Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони Кумитаи доимии ҳамкории иқтисодиву тиҷоратии СҲИ иштирок намуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеъист
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
ИНТЕРНЕТИ ХОНАГӢ. Тамоми сол бе нигаронӣ ва бидуни пардохтҳои ҳармоҳа!






