Дар Душанбе Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» баргузор гардид

Март 7, 2018 15:22

ДУШАНБЕ, 7.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони Маркази савдои «Ёвар» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф хабар медиҳад, дар оғози Фестивал– озмун Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Рӯзи модар табрик гуфт.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз ҷумла, изҳор дошт, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат нақш ва мақоми зан дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занон дар пешрафти соҳаҳои гуногуни мамлакат саҳми бориз мегузоранд.

Бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» — баргузор шуд, ки  ҳадаф аз баргузории он арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар, ба истеҳсоли ҳаррӯзаи дохилӣ қарор додани номгӯи зиёди нону кулчақандҳои тоҷикӣ мебошад.

Дар Фестивал–озмун дастовардҳои вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар масъалаи рушди хӯрокворӣ ба тамошо гузошта шуд. Анвои гуногуни нонӣ, аз қабили кулчаҳои хурду калон, кулчақандҳо, қалама, фатир, таҳмол, орзуқ, ҳалвои сурху сафед, суманак ва ғайраҳо бо риояи тарзи омода намудани онҳо ба намоиш гузошта шуд.

Бояд зикр намуд, ки иштирокчиёни намоиш бо рӯҳияи болида, ҳисси баланди ватандӯстӣ аз ин фазои орому осудаи мамлакат лаззати маънавӣ бардоштанд.

Дар охири чорабинӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокчиёнро бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонид.

Ин ҷо гузориши мусаввири АМИТ «Ховар» Тоҳир Саидро пешниҳод менамоем.

 

 

 

Март 7, 2018 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд