Дар Душанбе коршиносони миллӣ ва байналмилалии соҳаи бехатарии саноатӣ мубодилаи таҷриба мекунанд

Март 13, 2018 16:25

ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе дар ҳошияи лоиҳаи «Таҳкими амнияти саноатӣ дар Осиёи Марказӣ тавассути амалисозӣ ва ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо оид ба таъсири фаромарзии садамаҳои саноатӣ» ҷаласаи коршиносони миллӣ оғоз гардид.

Тавре мудири бахши умумии Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии     Тоҷикистон Меҳрафзун Давлатзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ҷаласаи мазкур бо ташаббуси Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ба роҳ мода шуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа намояндаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи аврупоии иқтисодии СММ, Маркази омӯзиши бехатарии саноатӣ ва коршиноси Хадамоти федералии экологӣ-технологӣ ва назорати атомии Федератсияи Россия иштирок доранд.

Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур табодули таҷрибаи мутахассисони соҳа ва коршиносони миллию байналмилалӣ дар соҳаи  бехатарии саноатӣ, инчунин омӯзиши моҳияти «Конвенсия оид ба пешгирии садамаҳои истеҳсолии саноатӣ» ва муносибатҳои стратегӣ барои амалишавии нишондодҳои Конвенсия мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласа пагоҳ, 14 март низ идома меёбад.

 

Март 13, 2018 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд