Дар Душанбе мулоқоти котибони шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид

Март 14, 2018 11:58

ДУШАНБЕ, 14.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз миёни Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Котиби Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Ҳиндустон Раҷиндер Кҳанна мулоқот доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба  ҳамкории дуҷониба байни дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Ҳиндустон, вазъи ҳарбӣ-сиёсӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди   таҳдидҳои замони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайраҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба густариши минбаъдаи   ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ  ва дигар  масъалаҳои марбут ба таъмини амният изҳори назар карда шуд.

 

Март 14, 2018 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд