Дар Фархор миёни ҳунармандони мардумӣ озмуни «Дастони моҳир» доир гардид
ФАРХОР, 10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар байни ҷавондухтарон, тайёр намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, оммавию варзишӣ ва пешгирии онҳо аз амалҳои номатлуб дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон маҳфили фарҳангию фароғатӣ ва озмуни «Дастони моҳир» баргузор шуд.
Ба иттилои муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода, дар ҳамоиш зикр гардид, ки соли 2018 аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти рушди ҳунарҳои мардумӣ ва эҳё намудани анъанаҳои миллӣ озмун бо шартҳои гуногун, аз ҷумла, намоиши либоси миллӣ, хониши суруди алла, ороиши мӯй ва дигар шартҳои ҷолиб роҳандозӣ гардид.
Дар озмун аъзои ҳакамон баромади ҳар як дастаро бо хусусиятҳо ва анъанаҳои хоси мардумӣ ба инобат гирифта, ба онҳо баҳои сазовор доданд. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Гуфта шуд, ки дар рӯзҳои ҷашнҳои баҳорӣ дар ноҳия чунин барномаҳои маърифативу фароғатӣ ва дорои хусусияти тарбиявӣ барои ҷавондухтарон аз ҷониби раёсати мазкур дар якҷоягӣ бо бахшҳои шаҳру ноҳияҳо роҳандозӣ мегардад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






