Дар ноҳияи Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли адрас фаъол гардид
ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Ободони Ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ коргоҳи истеҳсоли матои адрас ба фаъолият пардохт. Тавре сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин ноҳия Саидакобир Бодомов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар ин коргоҳ занону духтарони деҳа ба курси семоҳаи омӯзиши ҳунари адрасбофӣ ҷалб карда шудаанд. Ба иттилои манбаъ, баъди анҷоми курси кӯтоҳмуддат ба хотири пешрафти фаъолияти коргоҳ духтарону занон ба кори доимӣ фаро гирифта мешаванд. Бояд гуфт, ки занону духтарони ба курси кӯтоҳмуддат ҷалбшуда идрорпулӣ мегиранд ва ба омӯзгорони онҳо маоши иловагӣ дода мешавад.
Ба иттилои Саидакобир Бодомов, дар муддати кӯтоҳ дар ҷамоатҳои деҳоти Қаҳрамон, Чӯбек ва Турдиеви ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мағозаҳои фурӯши маҳсулоти коргоҳи адрасбофӣ кушода шуданд. Дар ноҳия талабот ба матои адрас хеле зиёд буда, масъулин талош доранд истеҳсоли ин матои зебои ватаниро боз ҳам афзунтар гардонанд.
Ёдовар мешавем, ки адрас матои бофтаи тораш абрешиму пудаш аз ресмони пахтагин буда, намудҳои зиёд дорад. Адрас матои пурнақшу нигорест, ки онро подшоҳӣ низ мегӯянд. Адрасро аз абрешими дуруштранг мебофанд. Пуди адрас аз 3 ресмони борики сафед ё рангин иборат буда, андозаи бари он гуногун аст.
Бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли равон ин соҳа рӯз аз рӯз дар мамлакат рушд меёбад. Либоси аз адрас дӯхташуда ба мисли атлас ва чакан зеби бонувони тоҷик аст.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






