Дар ноҳияи Рашт хизматрасонии тиббии дандонпизишкӣ ба аҳолӣ дар сатҳи паст қарор дорад

Март 11, 2018 08:46

РАШТ, 11.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Аз тарафи мутахассисони  Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт соли 2017 нисбат ба 149 нафар кормандони соҳаҳои гуногуни ноҳия барои вайрон намудани коидаҳои санитарӣ   санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 17 ҳазору 550 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз ин шумора 30 нафар табибони дараҷаи олӣ ва миёнаи тиббӣ мебошанд, ки маблағи ҷаримаи онҳо 4000 сомониро ташкил намуд. Ин маълумотро  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини директори Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт Умар Темуров пешниҳод намуд.

Тибқи иттилои мутахассисон, табибону кормандони соҳаи тандурустӣ, махсусан дандонпизишкон  риояи қоидаҳои санитариро бояд дар мадди аввал иҷро намоянд, то беморон аз заҳролудшавию гирифторӣ ба микробу вирусҳои сироятӣ эмин бошанд. Вале санҷишҳои Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Рашт дар соли 2017 нишон доданд, ки аз тарафи кормандони соҳаи тандурустии ноҳия вайрон намудани коидаҳои санитарӣ нисбат ба соли 2016 10 адад зиёд гардидааст. Масъулини ин соҳа мебоист соли 2017 ба қоидавайронкунии санитарию эпидемиологӣ кам роҳ дода, аз паи ислоҳи он мешуданд. Вале маълум мегардад, ки онҳо нисбат ба саломатии аҳолӣ беаҳамиятӣ зоҳир карда, ба риоя  намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ миёни кормандони соҳа таваҷҷуҳи зарурӣ  намедиҳанд. Ин ҳолат гувоҳи он аст, ки  хизматрасонии тиббӣ, бахусус  дар соҳаи дандонпизишкӣ дар ноҳияи Рашт дар сатҳи паст қарор дорад.

Март 11, 2018 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ