Дар ноҳияи Спитамен Ассотсиатсияи ҳунармандони ноҳия таъсис дода мешавад
ХУҶАНД, 01.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Спитамен ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳунармандону соҳибкорони маҳаллӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Ассотсиатсияи ҳунармандони ноҳия таъсис дода мешавад. Ин нукта зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ ва мулоқот бо ҳунармандони ноҳия аз ҷониби раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода зикр гардид.
Ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», дар конфронс роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ҳунармандон, роҳбарияти Муассисаи давлатии вилоятии «Мактаби эҳё ва рушди адрасу атласбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқ» ва олимону донишмандон иштирок намуданд. Дар оғози конфронс дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд.
Зимни мулоқот раиси ноҳия аз ҳунармандон хоҳиш кард, ки барои рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, заргариву зардӯзӣ, кулолгарию, оҳангарӣ, мисгарию кандакорӣ, қолинбофию кашидадӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва ғайра тадбир андешида, анъанаи неки мактаби «устод-шогирд»-ро эҳё ва ҳунарҳои мардумиро ба насли наврас омӯзонанд.
Ба андешаи роҳбарияти ноҳия, ташкили устохонаҳои замонавӣ бо ҷалби ҳарчӣ бештари наврасону ҷавонон ба манфиати кор буда, таъсиси растаҳои фурӯши ҳунармандон дар ҳудуди бозорҳои ноҳия низ аз манфиат холӣ нест.









Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






