Дар нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Ваҳдат ба сокинон сари вақт хизмат расонида мешавад

Март 13, 2018 15:09

ВАҲДАТ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нуқтаи  бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Ваҳдат аз рӯзи якуми марти соли равон ба кор шурӯъ намуда, ҳамарӯза аз саҳар то бегоҳ ба хонандагону падару модари онҳо хизмат мерасонад.

Роҳбари ин нуқтаи бақайдгирӣ Хайриддин Ҳалимзода  иброз намуд, ки «имсол нисбат ба солҳои пеш волидайни хонандагон зиёдтар кӯшиш  доранд, то сари вақт фарзандонашонро ба қайд гиранд.  То имрӯз зиёда аз 300 нафар хатмкунандагон ба қайд гирифта шуда, дар як рӯз ба ҳисоби миёна 40-50 нафар аз қайд мегузаранд.
Тибқи иттилои масъулин, хонандагони шаҳрҳои Роғун, Норак  ва ноҳияҳои Файзободу як қисмати Ёвон ба ин нуқтаи бақайдгирӣ муроҷиат мекунанд. Масъулин роҳи дури онҳоро ба назар гирифта, сари вақт ба онҳо хизмат мерасонанд».

 

 

 

Март 13, 2018 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд