Дар Парлумони Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ баррасӣ шуданд

Март 5, 2018 13:49

ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон дар ҷаласаи Шӯро  таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон  Зуҳуров баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки Созишнома бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва танзими ҳуқуқии тартиби рафтуомади мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони кишварҳои худ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ба имзо расидааст.

Аъзои Шӯро ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017-ро баррасӣ намуданд. Дар асоси ин Созишнома мувофиқа гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз институти қарзӣ оид ба барқарорсозии иқтисодиёт (KFW) гирифтани маблағҳо барои ҳамкории молиявӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ ва хоҷагии коммуналӣ дар марҳилаҳои гуногун кафолат ва имконият медиҳад.

 

 

 

Март 5, 2018 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид