Дар Парлумони Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон дар ҷаласаи Шӯро таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баррасӣ гардид.
Зикр шуд, ки Созишнома бо мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи дӯстона ва танзими ҳуқуқии тартиби рафтуомади мутақобилаи бераводиди шаҳрвандони кишварҳои худ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон ба имзо расидааст.
Аъзои Шӯро ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017-ро баррасӣ намуданд. Дар асоси ин Созишнома мувофиқа гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз институти қарзӣ оид ба барқарорсозии иқтисодиёт (KFW) гирифтани маблағҳо барои ҳамкории молиявӣ дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ ва хоҷагии коммуналӣ дар марҳилаҳои гуногун кафолат ва имконият медиҳад.








Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Таҳти раёсати Раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласа баргузор гардид
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






