Дар шаҳри Боку ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид

Март 20, 2018 08:55

ДУШАНБЕ, 20.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. 16 март дар шаҳри Боку Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон дар якҷоягӣ бо дафтари Намояндагии СММ дар  ин кишвар бахшида ба ҷашни Наврӯз ҳамоиши идона доир намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш вакилони Милли Меҷлис (Парлумон)-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва ташкилотҳои байналхалқии муқими Озарбойҷон, олимон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ, ВАО-и кишвари иқомат, инчунин тоҷикони муқими Озарбойҷон иштирок намуданд.

Ҳамзамон дар ҳамоиш муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Боку ҷиҳати иштирок дар Форуми VI ҷаҳонии Боку қарор дошт, ширкат варзид.

Дар ҳамоиш бо таваҷҷуҳ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст,  аз ҷониби Сафорат гӯшаи Тоҷикистон ороста шуд, ки дар он ороишҳои минтақаҳои мухталифи кишвар ва асбоби гуногуни мусиқии мардумӣ, либосҳои миллӣ, чакандӯзиҳо, кундалҳову заркӯбиҳои тоҷикӣ, китобҳо, аксҳо бо ишораи рамзи наврӯзӣ, табиати зебои Тоҷикистон ва дастовардҳои он ба намоиш гузошта шуданд.

Дар ҷамъомад Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ ва Намояндаи дафтари СММ дар Озарбойҷон Ғулом Исакзай сухан гуфтанд.

 

Март 20, 2018 08:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд