Дар шаҳри Брюссел ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади густариши ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо 9 марти соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи 6 – уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Завқӣ Завқизода, муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Лук Девин, Директор оид ба Россия ва Осиёи Марказии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ намуданд.
Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Умед Бобозода, мудири бахши Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пайрав Амирзода ва сардори Раёсати ҳамкории иқтисоди хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Шарифӣ низ шомил буданд.
Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстона натиҷабахш анҷом ёфта, дар он самтҳои асосии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.
Дар доираи фаъолияти ҷаласаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2020 ҷудо намудани 251 млн. евро барои маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус маориф, тандурустӣ энергетика ва рушди деҳот пешбинӣ гардид.
Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъҳо вобаста ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва муҳокимаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, масоили муҳити зист, безараргардонии партовгоҳҳои истихроҷи уран, рушди ҳамкории дуҷониба, сиёсати хориҷӣ, демократия, волоияти қонун, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон ва таҳияи лоиҳаи протоколи ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон шоми 9 март вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Директори Департаменти рушди ҳамкорӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пиэр Амилҳат баргузор шуд.
Дар вохӯрии мазкур масъалаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намудани буҷети давлатии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин аз ҷониби Завқӣ Завқизода маълумоти мухтассар оид ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 пешниҳод гардид.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






