Дар шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 02.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 3-4 марти соли 2018 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Намоиши баҳории ҳунармандӣ баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон хабар доданд.
Намоиши мазкур ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, дар он маҳсули дасти ҳунармандони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Ӯзбекистон, ба монанди сумкаҳо ва ҳамёнҳои дастӣ, ҷавоҳирот ва ороишоти аз нуқра ва чарм тайёркардашуда, маҷмӯи баҳории либосҳои миллӣ, ашёи ороишӣ, бозичаҳои бофташуда ва намадӣ ба намоиш гузошта мешаванд.
Намоиши баҳории ҳунармандӣ тайи ду рӯз аз соати 9:00 то 17:00 идома меёбад.








РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад






