ДИДОРИ ШАРИФ. Мулоҳизаҳо баъд аз вохӯрии Пешвои миллат бо зиёиёни мамлакат

Март 23, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 23.03.2018./АМИТ «Ховар»/. «Имсол ҳам дар арафаи Наврўзи хуҷастапай ба намояндагони аҳли зиёи ҷумҳурӣ, аз  ҷумла адибони тоҷик, муяссар шуд, ки ба дидори шарифи Пешвои миллат аз наздик шарафёб ва  аз суҳбати   хеле гарму самимӣ ва  озоду гуворо баҳравар гарданд», — чунин изҳори назар кардааст  нависандаи шинохтаи тоҷик Нозир ЁДГОРӢ пас аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат. Дар зер матни пурраи мулоҳизоти адиб пешкаш мегардад.

Ин дидору суҳбат бори дигар собит сохт, ки Сарвари давлат ба аҳли зиёи кишвар эътимоди самимӣ доранд ва дар симои онҳо воқеан ҳам посдорони нангу номуси миллӣ ва равшангарони роҳи фардои миллатро мебинанд. Ин буд, ки имсол ҳам Соли нави аҷдодӣ барои Пешвои миллат аз дидору суҳбат бо аҳли зиё оғоз ёфт ва ин дидору суҳбат сарсухани китоби амалу фаъолияти аксари адибони тоҷик дар Соли нави аҷдодӣ хоҳад гашт.

Мулоқот озод, кушоду равшан ва гарму самимӣ буд. Маълум мешуд, ки суҳбат бо ин ҳозирин ба Сарвари давлат низ хеле гуворост; ҳар чизе дар дил доштанд, гуфтанд ва бори дигар таъкид доштанд, ки — «Дар даврони соҳибистиқлолии давлатамон зиёиёни кишвар ба як нерӯи тавоно табдил ёфта, дар таҳкими маънавиёти ҷомеа ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллиамон иштироки фаъолона доранд».

Дар ин мулоқот ҳар таъкидҳои Сарвари давлат вобаста буданд ба дарки худогоҳиву худшиносӣ, масъулияти баланди дўст доштани  Ватан ва ҳифзу гиромидошти  мероси гузаштагон,  арзишу суннатҳои миллӣ ва огоҳии амиқ аз таърих. Яъне, агар ҳар эҷодкори тоҷик дар асари офаридааш ғояи дўст доштани Ватан, пос доштани обрўи миллат ва соҳибӣ кардан ба ин тамаддун, ин фарҳанг ва ин кишварро тараннум намояд, ин албатта ба манфиати имрўзу фардои ҷомеа ва кишвари мост.

Пешвои миллат хеле орифона ва хеле шоирона изҳор доштанд, ки «Дар воқеъ, таърих ойинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо бояд ин ойинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум ва махсусан, наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тайкардаи халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

Таъкиди муҳими Пешвои миллат дарки худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буд, ки ин барои ҳар сокини кишвар хеле муҳим аст. Воқеан ҳам, зиёии тоҷик дар замони ҷаҳонишавӣ баҳри ҳифз намудани истиқлоли фарҳангӣ ва забонии миллати худ, ки аз рукнҳои муҳими пойдории миллат ва кишвар мебошанд, бояд чун нерўи тавоно амал намояд. Дар ин овон ҳар як шахси баору номус ва ватандӯст вазифадор аст, ки забону давлаташро бо дарки масъулият дар арсаи олам муаррифӣ намояд ва онҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз созад.

«Мо бояд мафҳумҳои  “миллати тоҷик”, “забони тоҷикӣ”, “таърихи тоҷикон”, “фарҳанги тоҷикӣ” ва “адабиёти тоҷикӣ”-ро баробари номи муқаддаси Тоҷикистон, модари хеш ва мисли ҷони худ дӯст дорем ва онҳоро бо ифтихор ба забон оварем» — изҳор доштанд Пешвои миллат.

Мавзўи аз ҳама муҳими мулоқоти имсолаи Пешвои миллат дўст доштани Ватан ва ифтихор намудан аз тоҷик будани мо буд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 низ бешак ба ин  алоқаманд аст. Ин иқдом ба ободу зебо гардидани кишвари мо, баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ,  беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва тавсеаи маърифати экологии мардум мусоидат менамояд. Дар баробари ин, имконият фароҳам меояд, ки мо кишвари худро ҳарчӣ бештар ба хориҷиён муаррифӣ намоем ва онҳо аз зебоиҳои табиати кишвари биҳиштосоямон ва аз таъриху фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқамон    огоҳӣ пайдо намоянд, ки ин барои обрўву нуфузи миллати мо дар арсаи байналмилалӣ муҳим аст. Тавре аз таҷрибаҳои як қатор давлатҳои ҷолиби сайру сайёҳат маълум мегардад, ин яке аз василаҳои муҳими пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ низ мебошад.

Дар ин масъала маърифати мардум низ нақши калидӣ дорад. Пешвои миллат қайд намуданд: «Дар ин замина, ҷалби васеи аҳолӣ ба китобхонӣ ва оммавӣ гардонии мутолиаи китоб, гузаронидани озмунҳои шеърхониву байтбарак, инчунин, донистани забонҳои хориҷӣ муҳим мебошад. Зеро сайёҳон бо мардум муошират менамоянд, аз таъриху фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқ пурсон мешаванд. Агар мо аз таъриху фарҳанги халқамон хуб огоҳӣ дошта бошем, забондон бошем, мероси халқамонро метавонем ҳарчи бештар муаррифӣ намоем».

Тавре аз худ қиёс менамоям, ин дидори шариф ва ин суҳбати самимӣ дили аҳли зиёро гармтар кард, боварияшонро ба фардои дурахшон таҳким бахшид ва ба аксари онҳо барои офаридани асарҳои нав сарчашмаи илҳом гардид. Ман, ки бо тақозои вазифа ба соҳаи энергетика алоқамандам ва бобати печутобҳои бунёди нерўгоҳи Роғун дар оғози бунёди ин нерўгоҳи бузург бо унвони «Роғун — ҳамкори офтоб» рисолае нашр намуда будам, баъди вохўрии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳоло дар нияти эҷоди асари мукаммалтари публистистӣ  дар мавзўи бунёд ва манфиати нерўгоҳи  Роғун барои Тоҷикистон ва тамоми минтақа шудам.

Ҳамзамон, суханони Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, ки дар фуроварди суҳбат сурат гирифт, воқеан маҷмўи орзу ва шукру миннатдории аксарияти эҷодкорони кишвар буданд бобати барори кору ривоҷи амали Сарвари муаззами мо дар дар  боби заҳматҳои рўзафзунашон дар таъмини рушди муназзами кишвар ва афзоиши обрўву нуфузи тоҷик ва Тоҷикстон.

Ин дидори шариф ва ин суҳбати гарму самимӣ аҳли зиёро бо Пешвои миллат наздиктар намуд ва як бори дигар гувоҳӣ дод, ки Сарвари давлати мо ҳар соату ҳар лаҳза дар нияту талоши таъмини зиндагии шоистаи ҳар сокини кишвар мебошанд.

 

          Нозир ЁДГОРӢ,

                                                                                     нависанда.

Март 23, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии «Шилингел» дар Олмон намоиш дода шуд
Тоҷикистон мизбони ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
Дар шаҳри Панҷакент пойгоҳҳои обкашӣ барқарор карда мешаванд
Доир ба нақши забони давлатӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Рӯзи забони давлатӣ дар Суди Олии иқтисодӣ ботантана таҷлил карда шуд
Кишоварзони шаҳри Конибодом беш аз 12 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳо ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад