«ДУ САФҲАИ ЯК КИТОБ…». Ҳафтаномаи «Адабиёт ва Санъат» вижаномаи худро ба дӯстии ду халқи бародар ва ҳамсоя бахшидааст

Март 16, 2018 13:33

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – ҳафтаномаи бонуфузи «Адабиёт ва Санъат» вижаномаи худро ба дӯстии тоҷику ӯзбек бахшидааст. Дар як шумораи ин ҳафтанома маводе чоп шудаанд, ки пурра бозгӯи дӯстию бародарии ду миллати ҳамсарҳад – тоҷику ӯзбек мебошанд. Шеъру мақолаҳо ва ҳикояҳои дар ҳафтанома нашргардида таппиши баробари ду дили ҳамканорро ифода мекунанд.

Дар саҳифаи аввали ҳафтанома мақолаи ёддоштии нависандаи бузурги ӯзбек Сулаймон Эрматов бо унвони «Мирзо Турсунзода Мирзои танҳо тоҷикон не, балки Мирзои мо, ӯзбекҳо низ ҳаст» ҷой дода шудааст. Сулаймон Эрматов дар номаи ёддоштии худ нахуст аз дӯстии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки намунаи беҳтарини дӯстист, ёдоварӣ кардааст. Баъдан хотираҳои ҷолибу хонданиро аз ҳаёти Мирзо Турсунзода, ки бо ӯ дӯсти наздик будааст ва дар чандин сафарҳои хориҷӣ якдигарро ҳамроҳӣ кардаанд, ба хонанда пешниҳод намудааст.

Дар саҳифаи дигар мақолаи адиби тоҷик Мансур Суруш бо унвони «Ҷазбаи меҳри бузург» ҷой гирифтааст, ки дар он дар бораи робитаҳои адабии тоҷикону ӯзбекон сухан меравад. Мансур Суруш, аз ҷумла, зикр кардааст:

«Муддатест дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Маркази тарҷума, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта буд, фаъолият дорад. Кормандони марказ осори адибони тоҷикро ба забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ба ӯзбекӣ тарҷума мекунанд. Адибони ӯзбек дар Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд ва осори шоистаашон бо ҷоизаҳо қадрдонӣ мешаванд».

Маҳбуба Неъматова, шоира аз шаҳри Самарқанд нигоштааст:

«Имрӯз дар даврони истиқлол барои таҳсил ва рушди ҷавонони эҷодкор дар ҳар ду ҷумҳурӣ имкониятҳои зиёд фароҳам омадаанд. Дар Ӯзбекистон барои хонандагону донишҷӯёни тоҷикзабон китобҳои дарсӣ таҳия ва чоп мешаванд».

Ду саҳифаи дигари ҳафтавор бо номи «Назми дӯстӣ» фарогири шеърҳои шоирони маъруфи тоҷик ва ӯзбек мебошанд.

Дар шеъри Мирзо Турсунзода духтари ӯзбек қаҳрамон аст, ки бо ҳусни худ шеърро зеботар кардааст:

…Акси рӯятро ба об андохтӣ,

Моҳро аз Нил берун сохтӣ.

Мавҷҳои Нил пуртуғён шуданд,

Кафк бар лаб кардаву ҷӯшон шуданд…

Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ дар як таронаи зебои худ ба Ёсуман, ки қаҳрамони он аст, бо забони ӯзбекӣ изҳори муҳаббат мекунад:

Кӯчаи сабзи Анҳори ту,

Пургул аз умри гулбори ту.

Гар ҳазорон бувад ёри ту,

Нест чун ман харидори ту.

Ёсуман, Ёсуман,

Мен сени севаман!

Шоир Саидалӣ Маъмур дар ғазали худ ӯзбеку тоҷикро «ду шохи як чанор», «парвардаи як обу як хоку як боғ», «ду гул зи як баҳор», «якрӯю якдилу якҷону яктан»,  «ду марди комёр»… гуфтааст:

Ҳаммарзу ҳамҷаворанд ӯзбеку тоҷик,

Ду шохи як чаноранд ӯзбеку тоҷик.

Парвардаи як обу як хоку як боғ,

Ду гул зи як баҳоранд ӯзбеку тоҷик.

Якрӯю якдиланду якҷону яктан,

Аз меҳр обшоранд ӯзбеку тоҷик.

Амсоли Сир, Зарафшон дар кӯҳу водӣ

Ду рӯди Зарнисоранд ӯзбеку тоҷик.

Бо Ҷомию Навоӣ дунё шиносад

Ду марди комёранд ӯзбеку тоҷик.

Ҳамқисматанду ҳар ду бар сӯйи фардо

Бо азм раҳсипоранд ӯзбеку тоҷик.

Сарҳад агарки бошад, дар дил набошад,

Дил бурда, дил биёранд, ӯзбеку тоҷик.

Аз ҳам ҷудо набитвон кардан ду кӯҳе,

Помиру ҳам Ҳисоранд ӯзбеку тоҷик.

Шоир Камол Насрулло дар шеъре, ки радифаш «тоҷик – ӯзбек» мебошад, ин ду миллати дӯсту ҳамсояро, аз ҷумла «ду сафҳаи як китоб», «дар зери як офтоб», «ду меваи як дарахт» ном гирифтааст:

Ду сафҳаи як китоб тоҷик – ӯзбек,

Парвардаи як савоб тоҷик – ӯзбек.

Он кист, ду ҷисме, ки ба як ҷон пайваст?

Гӯям ба ту ман ҷавоб тоҷик – ӯзбек.

Озори замонаҳо паси сар карданд,

Озурдаи сад азоб тоҷик – ӯзбек.

Печида ба ҳам чун гули ошиқпечон,

Дар зери як офтоб тоҷик – ӯзбек.

Ҳаммодару ҳампадар, бародар, хоҳар,

Сад посухи як ҷавоб тоҷик – ӯзбек.

Ду мева ба як дарахт оё дидӣ?

Гар не, бираву биёб: тоҷик – ӯзбек…

Салими Зарафшонфар дар шеъри «Ба шоири ӯзбек» ба ҳамқалами ӯзбеки худ муроҷиат дорад, ки:

Биё, эй дӯст, сӯйи ҳам зи ду сӯ по гузорем,

Саломи дӯстӣ дар дастҳо савғо биёрем.

Биё, имрӯз баҳри ҳам раҳи манзил кушоем,

Ба рӯйи ҳамдигар сандуқи рози дил кушоем.

Агар мобайни давлатҳо хати сарҳад бишояд,

Миёни Давлати дилҳо хати сарҳад набояд.

 Биё, дар шаҳрҳои ҳамдигар мо ид созем,

Адӯи дӯстӣ ҳар кист, ноуммед созем.

Биё, дар қӯлла биншинем, аз шаҳбози Помир,

Ба мурғи табъ омӯзем парвози фалакгир.

Биё, гардем бо ҳам лаб-лаби дарёи Варзоб,

Намояд оби покаш мазраи илҳом шодоб.

Биё, бо ҳам чашем имрӯз аз қанди Самарқанд,

Ки аз шаҳдаш ба лаб ҳар ханда гардадмон шакарханд.

Ба ҳамҷомии Ҷомӣ, ҳамнавоии Навоӣ

Бинӯшему кунем аз дӯстӣ дастонсароӣ.

Ба пӯзиш назди ҳайкалҳояшон гулдаста бинҳем,

Ба ҳарду аз давоми дӯстимон ваъда бидҳем.

Биё, аз лутфу сидқу меҳр чун истораҳо нур

Ба ҳам пошем, гардад зиндагӣ нуран алонур.

Биё, эй дӯст, сӯйи ҳам зи ду сӯ по гузорем,

 Саломи дӯстӣ дар дастҳо савғо биёроем.

Зи поизаш на боке, мову  ту ин хуб донем,

Биё, якарчаӣ дар боғи ҳамдигар шинонем.

Нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон Амонбой Чуманов, ки соли гузашта Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айниро сазовор гашт, дар мақолаи хеш, ки «Дӯстии безаволи мо» ном дорад, мегӯяд:

«…Солҳо, қарнҳо мегузаранд, инсонҳо низ меоянду мераванд ва ҳаёт ҳамин тарз идома меёбад, аммо дарахти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ҳамеша сарсабз мемонад». 

Ёдовар мешавем, ки ҳафтаномаи бонуфузи кишвар «Адабиёт ва Санъат» нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буда, минбари баланди беҳтарин адибон, шоирон ва санъаткорон маҳсуб мешавад. Ҳафтанома аз соли 1959 нашр мешавад.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН,

АМИТ «Ховар»

Март 16, 2018 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад