ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МО БОЯД БАРОИ ХАЛҚҲОЯМОН ФАЗОИ ДӮСТИВУ САМИМИЯТ ВА ҲАМДИГАРФАҲМИВУ ҲАМКОРИРО ЧУН ДАР ЗАМОНИ МАВЛОНО ҶОМӢ ВА АЛИШЕР НАВОӢ ФАРОҲАМ ОРЕМ»

Март 10, 2018 10:07

ДУШАНБЕ, 10.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Суханронии  Сарони давлатҳои Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро  дар «Шоми дӯстӣ», ки  9 март дар Кохи Борбад ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд,  ҳозирин бо қарсакҳои бардавом  пазируфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ, аз ҷумла, зикр карданд, ки «тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро ба ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ мебошанд. Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд ва неруҳои пешсафи ҷомеаро барои иштирок дар ин мубориза даъват менамуданд. Чунин ҳамбастагӣ ба фаъолияти эҷодию илмӣ ва ҷамъиятии онҳо, аз ҷумла, ба фаъолияти сиёсии Навоӣ таъсири бузург дошт».

Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти гуфтаҳои мазкур ҳамчунин таъкид намуданд, ки мо бояд барои халқҳоямон фазои дӯстиву самимият ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамкориро, тавре дар замони Мавлоно Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ буд, фароҳам орем.

Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин  иброз доштанд, ки  ҷомеаи тоҷик ташаббуси шахсии Шавкат Мирзиёевро   оид ба таъмиру  таҷдиди осорхонаи Садриддин Айнӣ ва  ёдгории Ҷомию Навоӣ дар шаҳри қадимии Самарқанд ҳамчун иқдоми нек арзёбӣ мекунад. Дар навбати худ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе боғи ба номи Алишер Навоӣ ташкил карда, дар он ёдгории Ҷомӣ ва Навоиро гузорад.

Пешвои миллат ҳамчунин доир ба фарҳанги муштарак доштани  ду халқи ба ҳам дӯсту ҳамсоя изҳори андеша карда,  зикр намуданд, ки «мо ба «Шашмақом» ҳаёти дубора бахшидем ва бо қарори ЮНЕСКО ин намуди санъати аҷдодони мо мероси маънавию фарҳангии халқҳои тоҷику ӯзбек эълон гардид. Устодони бузурги мақом Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев ва Фазлиддин Шаҳобов дар тарбияи садҳо нафар ходимони санъати халқҳои мо нақши муҳим бозиданд».

 

Март 10, 2018 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд