Эмомалӣ Раҳмон: «Пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад»
ДУШАНБЕ, 19.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад, — изҳор намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бозёфтҳои маданияти қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб буда, аввалин шаҳрҳову нахустин давлатҳои таърихии мо дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд, ки намунаи беҳтаринашон шаҳраки қадимаи Саразм мебошад.
«Ҳукумат аз соли дуҳазорум ба ёдгории Саразм ҳамчун намунаи барҷастаи осори таърих таваҷҷуҳ зоҳир карда, бо қарори худ Маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон — “Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии Саразм” — ро таъсис дод ва барои корҳои ҷустуҷӯиву бостоншиносӣ ва ободу барқарор кардани он ҳамасола маблағ ҷудо мекунад.
Дар баробари ин, бо дастури Ҳукумат маводи зарурӣ ҷиҳати пешниҳод кардани Саразм ба рӯихати мероси таърихии халқи тоҷик ба ЮНЕСКО омода ва ирсол гардида, Саразм ҳамчун намунаи шаҳри қадим аз тарафи ин созмони ҷаҳонӣ эътироф ва моҳи июни соли 2010 ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид гардид», -илова намуданд Пешвои миллат.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






