ФУТБОЛ: дастаи «Аҳал»-и Туркманистон ба Душанбе омад
ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон барои анҷом додани бозии аввалини гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 бо дастаи «Истиқлол» ба шаҳри Душанбе омад.
Дар ин бора сомонаи расмии клуби «Истиқлол» хабар медиҳад. Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи футболи «Аҳал»-ро намояндагони дастаи «Истиқлол» ва Федератсияи футболи мамлакат пешвоз гирифтанд. Ситоди мураббиёни «Аҳал» бо худ 16 футболбозро ба шаҳри Душанбе овард. Аъзои дастаи футболи «Аҳал» дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тамринҳои худро оғоз намуданд.
Хотиррасон бояд кард, ки бозии аввалини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Аҳал»-и Туркманистон 7 марти соли равон, соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад.








Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид






