ФУТБОЛ: «Истиқлол» вохӯрии дуюмашро дар Туркманистон мусовӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ,15.03.2018 /АМИТ«Ховар»/. Шоми дирӯз дар варзишгоҳи «Спорт топлумӣ»-и шаҳри Балканободи Туркманистон чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бозии дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО -2018-ро бо дастаи «Алтин Асир»-и Ашқобод, чемпиони Туркманистон бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, нимаи дуюми бозиро футболбозони тоҷик бо барор оғоз намуданд. Дар дақиқаи 50 ба ҳамлагари беларуси дастаи «Истиқлол» Николай Зенко аз имконияти мусоид ба осонӣ истифода намуда, ҳисобро боз кард. Пас аз нуҳ дақиқа соҳибони майдон дар хатти ҳимоя қоидаи бозиро вайрон намуданд ва довари марказӣ Алӣ Ризо аз Лубнон зарбаи 11-метра таъйин намуд. Зарбаи ҷаримавиро нимҳимоятгари дастаи футболи «Истиқлол» Аҳтам Назаров ба осонӣ ба ҳадаф расонида, ҳисобро 2:0 кард.
Қисми дуюми дидор ҳарчанд барои бозингарони дастаи «Истиқлол» бобарор оғоз гардид, вале мутаассифона, онҳо ҳисоби бозиро нигоҳ дошта натавонистанд. Дар дақиқаи 90 Мурод Яхшиев ба дарвозаи Никола Стошич голи аввали дастаашро ворид сохта, ҳисобро ба 1:2 расонид. Дар дақиқаҳои изофӣ 90+3 Олтинмурод Аннадурдиев голи дуюмро зада, дастаашро аз мағлубият наҷот дод.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе нахустин бозиашро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 7 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бар муқобили дастаи «Аҳал»-и Балканобод доир намуда буд. Дар ин дидор дастаи «Истиқлол» ҳарифро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.
Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки 7 март оғоз ёфт, 16 май хотима меёбад. Ба даври минбаъда танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад. Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ баргузор мешаванд.
Бозии финалии Ҷоми КФО-2018 27 октябр барпо мегардад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






