«ГУЗАРГОҲИ ҲУНАРМАНДОН». Дар Душанбе намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид

Март 6, 2018 16:23

ДУШАНБЕ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ  тӯли ду рӯз  дар нигористони Маркази савдои «Душанбе-мол» барномаи фарҳангии намоиши ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Гузаргоҳи ҳунармандон»  барпо гардид.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, барномаи мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, Фонди байналмилалии ҳунармандон «Ҳафт пайкар», кумитаҳои рушди сайёҳӣ, телевизион ва радио, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Маркази савдои «Душанбе-мол»  гузаронида шуд.

Дар намоиш раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода иброз дошт, ки  ташаббусу дастгирӣ ва иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 агар аз як тараф ба раванди тадриҷан беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардум, махсусан сатҳи зиндагии занону бонувон, ҳунармандони мардумӣ таъсири мусбат расонад, аз тарафи дигар, дар баланд бардоштани ифтихори миллӣ ва ҳисси зебоипарастию ҳувияти баланди ватандорӣ мусоидат менамояд.

 Зикр шуд, ки  дар доираи татбиқи иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ даҳҳо мактаби ҳунармандон ва корхонаю коргоҳҳои ҳунармандон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкил ва таҳти раҳнамоии ҳунармандони боистеъдод ба фаъолият оғоз намуданд, ки ин бе муболиға, ба болоравии сатҳи иҷтимоии оилаҳо мусоидат менамояд.

Бояд гуфт, ки намоиш бо фарогирии ҳунармандони моҳир, дорандагони ҷоизаи Юнеско, гирандагони гранти президентӣ аз тамоми шаҳру навоҳии мамлакат бо пешниҳоди ҳунари волои заргарӣ, кулолгарӣ, зардӯзӣ, чакандӯзӣ, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, рассомӣ ва  тамоми намуди ҳунарҳои дастӣ ба тамошобинони пойтахт пешниҳод гардид.

 

 

Март 6, 2018 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5751 то 9.6000 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 апрел, сешанбе, 97-умин рӯзи соли 2026 аст
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид