Хурсандой Ҳотамова: «Ба шарофати касби модариям сатҳи зиндагии ману фарзандонам хеле хуб шуд…»

Март 6, 2018 17:17

РӮДАКӢ, 06.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. «Аз баракати касби модариям ба се писарам мошини сабукрав харида додам ва барои писари калониам хонаи истиқоматӣ сохта истодаем, —  иброз дошт яке аз занони ҳунарманди Ҷамоати деҳоти Султонободи  ноҳияи Рӯдакӣ Хурсандой ҲОТАМОВА ба хабарнигори минтақавии  АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД ва илова намуд:    Ман хеле миннатдорам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри ҳунармандон мерасанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 ва аз андоз озод намудани ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи он аст, ки Сарвари давлати тоҷикон пайваста дар фикри ободии рӯзгори ҳунармандони мардумиянд”.

«Баҳори соли 1997, замоне, ки фарзанди шашумам 38-рӯза буд, шавҳарам аз дунё гузашт. Ҳамроҳи модари пирам бо шаш фарзанди ноболиғ аз надоштани хӯрокӣ ва  гуруснагӣ азоб мекашидему кӯдаконам мегиристанду нон мегуфтанд. Намедонистам чӣ кор кунам. Вазъият бадтар шуд, кӯдаки 38-рӯзаам аз гуруснагӣ гиряро бас намекард. Намедонистам, ки куҷо раваму нон пайдо кунам. Дар ҳамин вақт раҳматии модарам гуфт, ки духтарам, биё як ҳунарро ба ту ёд диҳам, шояд сабаби ёфтани ризқу рӯзиямон гардад. Ман, ки бисёр андӯҳгин будам, маслиҳати модарро қабул накардам ва дар фикри  ёфтани нон будам. Модарам дигар ба ман аҳамият надода, ҳамроҳи писарам, ки дар синфи ҳафт мехонд,  як намадро гирифта, пора карда, ба дӯхтан шурӯъ намуданд. То нисфирӯзӣ ду ҷуфт болопӯши асп тайёр намуда, ба роҳи гӯсфандгузар бурданд. Хушбахтона, ҷиҳози тайёркардаро даҳмардаҳо хариданд. Бо ин маблағ модарам аз бозор 10 км гандум ва каме пиёзу картошка харида оварданд, ки он ману фарзандонамро  се рӯз аз гуруснагӣ раҳонид. Баъди ин ба хулосае омадам, ки доштани чунин ҳунар оилаи маро аз гуруснагӣ наҷот дода, моро миёни мардум маъруфу шарафманд мегардонад», — гуфт зимни суҳбат Хурсандой Ҳотамова.

Ин зани меҳнатқарин мегӯяд, ки бо касбу меҳнати ҳалол 6 фарзандашро калон намуда, оиладор намуд. Ӯ ба келинҳояш низ касби аз модар меросмондаро ёд дод. Имрӯз онҳо ба таври оилавӣ ба дӯхтани болопӯшҳои замонавии асп машғуланд.
Хурсандой Ҳотамова шукрона мекунад, ки  бо шарофати заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ сулҳу осоиштагӣ барқарор шуд. Имрӯз ҳунармандон  метавонанд маҳсули дастони худро озодона ба фурӯш гузошта, зиндагии хешро обод кунанд.

Натиҷаи сулҳу субот ва зиндагии осоишта аст, ки муштариён ва соҳибкорони хурд ба ин ҳунарманд бо миқдори зиёд болопӯши асп фармоиш медиҳанд. Ба ин восита ҳунари апаи Хурсандой дар сатҳи ҷумҳурӣ паҳн гардидааст.

      «Ба шарофати касби модариям сатҳи зиндагии ману фарзандонам хеле хуб шуд.  Ба се писарам мошини сабукрав харида додам ва барои писари калониам хонаи истиқоматӣ сохта истодаем.   Ман хеле миннатдорам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри ҳунармандон мерасанд. Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 ва аз андоз озод намудани ҳунарҳои мардумӣ гувоҳи он аст, ки Сарвари давлати тоҷикон пайваста дар фикри ободии рӯзгори ҳунармандони мардумиянд. Ин сол  як маротибаи дигар заҳмати мо, ҳунармандонро ба мардуми Тоҷикистону ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Бигузор ҳамеша Пешвои миллат болои сари мо бошанду миллати тоҷик пароканда нагардад ва сулҳу субот дар ҷумҳуриамон пойдор бимонад»,-мегӯяд Хурсандой Ҳотамова.

 

 

Март 6, 2018 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад