ХУШО РАФТАН БА СӮЙИ РӮШНОӢ. Дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ДУШАНБЕ, 1.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурномаи ҳарсолаи пешрафти давлату миллати тоҷик аст. Он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои чандин солҳои минбаъда муайян менамояд. Мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳаммадалии АҶАМӢ бардоштҳои хешро аз Паёми имсолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат пешниҳоди хонанда мегардонад.
Паёми навбатии Президенти мамлакат «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурии Тоҷикистон» чун ҳамеша миллатро ба сӯи дастовардҳои бузург ҳидоят месозад. Суханронии худро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чунин ҳарфҳои илҳомбахш оғоз намудаанд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба василаи таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад».
Воқеан чунин аст. Дар чанд соли охир Тоҷикистони азиз ба дастовардҳои бузурге ноил гардида, зиндагии мардум беш аз пеш беҳтар мешавад. Асли ин дастовардҳо бар пояи сулҳ ва оромии мамлакат аст, вақте миллат дар сулҳу оромиш зиндагӣ мекунад, метавонад барномаҳои стратегӣ, орзуву ниятҳои худро бароварда созад. Ҷавҳару асли Паёми Президенти мамлакат низ аз ҳамин ҷо манша мегирад, яъне ободиву созандагӣ ва муҳайё кардани зиндагии шоиставу сарбаландона барои халқ. Дар Паёми навбатӣ нуктаҳои муҳим ва заруру омӯзанда бисёранд ва ҳар бахши сохторҳои давлатӣ, вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд аз он оқилонаву содиқона истифода бубаранд. Бетардид, дар сурати бардоштҳои амиқу дақиқ аз нукоти Паёми Пешвои миллат, халқи тоҷик соли равон ҳам уфуқҳои навро дар ҳама самтҳо барои худ мекушояд.
Бо вуҷуди он ки мардуми тоҷик дар сулҳу салоҳ умр ба сар мебарад, Пешвои миллат дар андешаи боз ҳам мустаҳкаму устувор кардани марзҳои давлатанд. Аз тарафи дигар, барои ҳамаи сайёҳону меҳмононе, ки ба Тоҷикистон ворид мешаванд, муҳлати бақайдгирӣ дароз карда мешавад. Аз ин ҷост, ки дар Паёми худ Сарвари давлат вазифадор мекунанд, ки ҳар чи зудтар шабакаи ягонаи сарҳадӣ ташкил дода шавад. Дар ин бора Президенти Тоҷикистон чунин мефармоянд: «Тамоми гузаргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба шабакаи ягона пайваст карда, низоми идоракунӣ такмил дода шавад. Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки масъалаи мазкурро дар муҳлати ду моҳ ҳаллу фасл намояд».
Ин масъала чун ҳалли худро пайдо кунад, бо итминон метавон гуфт, ки он имконият медиҳад вуруду хуруҷи сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистони нозанин бамаротиб осонтару роҳаттар гардад. Аз самтҳои бисёр муҳими дигар, ки барои рушди мамлакат ва зиндагии сазовори мардум такони бузург медиҳад, таъсиси бештари минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Роҳбари давлат дар бораи аҳамияти моддиву фарҳангии таъсиси зиёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Паёми хеш чунин мегӯянд: «Фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ вобаста ба ҷалби сармоя ва ташкили инфрасохтор бояд тақвият дода шавад. Ҳукумати кишвар бояд мушкилоти ҷойдоштаи минтақаҳои озоди иқтисодиро омӯхта, барои тақвият бахшидан ба фаъолияти онҳо ва ташкили дигар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҳудуди мамлакат тадбирҳои иловагӣ амалӣ намояд».
Аз масъалаҳои дигари умда ва ниҳоят барои миллат зарур, ки Пешвои миллат дар тозапаёми худ мавриди баррасӣ қарор доданд, амнияти озуқаворӣ аст. Дар робита ба ин масъала Роҳбари давлат соҳибкорону воридкунандагони ин маҳсулотро шадидан ҳушдор медиҳанд: «Ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» тадбирҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд». Дар ҳошияи ҳамин ҳушдори бамаврид Сарвари давлат дар идомаи нишон додани роҳҳои ҳаллу фасли мавзӯъ дар мавриди амнияти озуқаворӣ супориш доданд: «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки бо дарназардошти талаботи воқеии аҳолии мамлакат ба маводи озуқа ва дастрасии сокинон ба ғизои хушсифат барномаи нави давлатии амнияти озуқавориро таҳия ва татбиқ созад».
Паёми имсолаи Президенти мамлакат марбут ба тамоми самтҳои зиндагии маънавиву фарҳангӣ ва иқтисодии мамлакат буда, ҳар фардро вомедорад, ки дар татбиқу амалӣ гардидани он саҳм гузорад. Тарбияи насли ҷавон, стратегияи рушди сайёҳӣ то соли 2030, воридоти технологияи пешрафта ба ҷумҳурӣ, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва содироти он, ҳифзи суннату фарҳанги миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маориф ва илм ва дигар масъалаҳои аввалиндараҷа дар Паёми Пешвои миллат равшану возеҳ нишон дода шудаанд. Танҳо моро зарур аст, ки барои амалӣ гардидани ҳамаи ин масъалаҳои дарҷшуда саъю талоши бештар намоем.
Бузургмеҳри ТОҶИДДИН,
АМИТ «Ховар»